Суханронии ҷамъбастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои миллии рушд

Муҳтарам аъзои Шӯро! Хонумҳо ва ҷанобон! Ҳозирини гиромӣ! Ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасии чараёни татбиқи дусолаи ҳуҷҷатҳои стратегии кишварро дар ҳошияи ҳамоҳанг намудани Ҳадафҳои рушди устувор, ки аз ҷумлаи уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи Рӯзномаи асри XXI ба ҳисоб мераванд, фаро гирифт. Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ҳуҷҷати мукаммали дарбаргирандаи маҷмӯи ислоҳот барои баланд бардоштани самаранокии истифодаи имкониятҳои мавҷудаи мамлакат буда, самтҳои рушди минбаъдаи кишварро дар шароити таъсири бевоситаи омилҳои дохиливу берунӣ инъикос менамояд. Ҳадафҳои стратегии интихобшуда дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба фароҳам овардани шароити мусоиди иқтисодиву иҷтимоӣ ва рушди инсон равона шуда, мақсаду вазифаҳо дар он мушаххасу воқеъбинона ифода гардидаанд. Афзалиятҳои асосии рушди кишвар дар давраи дарозмуҳлат масъалаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, шуғл, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасӣ ба ғизои хушсифат, истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани кишвар, мубориза алайҳи зуҳуроти коррупсионӣ, идоракунии самаранок, ҳифзи экология ва идоракунии равандҳои демографиро фаро мегиранд. Ман дар тамоми  чорабиниҳо зикр намудаам ва бори дигар изҳор медорам, ки Тоҷикистон аз оғози соҳибистиқлолии худ дар самти ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо ҷомеаи ҷаҳонӣ…