Суханронӣ ба муносибати таҷлили ҷашни Наврӯз дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз! Меҳмонони арҷманд! Ҳозирини гиромӣ! Ҷашни байналмилалии Наврӯз – Соли нави мардумони ориёиро, ки якҷо бо фасли баҳор, яъне айёми эҳёи табиат сарзамини мо, аз ҷумла пойтахти азизамон – шаҳри Душанберо боз ҳам дилкашу зебо гардонидааст, ба кулли мардуми мамлакат ва ҳамаи сокинони пойтахти кишвари соҳибистиқлоламон табрик мегӯям. Наврӯз, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати истиқлолияти давлатӣ бо тамоми ғановату рангорангии он эҳё гардид, ҳоло ба ҷашни милливу давлатии мо – тоҷикон ва рамзи худшиносиву ифтихори миллӣ, ваҳдату ҳамдилии мардум ва пайванди наслҳо табдил ёфтааст.               Наврӯз, дарвоқеъ яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардумӣ буда, таърихи беш аз шашҳазорсола  дорад. Таҷлили Наврӯз аз қадимтарин замонҳо то ба имрӯз ҷузъи таркибии ҳастиву ҳувияти қавмҳои ориёӣ, аз ҷумла тоҷикон ба ҳисоб меравад. Далели асосии умри тӯлонӣ доштани Наврӯз табиӣ будани он аст. Зеро маҳз дар арафаи Наврӯз табиат эҳё шуда, замин қабои сабз ба бар менамояд, марди деҳқон ба кишти баҳорӣ оғоз мекунад ва бо умеду нияти ба даст овардани ҳосили фаровон ба замин дона кишт мекунад. Дигар ин, ки Наврӯз айёми тавозуни байни табиат ва инсон буда, баробари дигаргунии куллӣ дар табиат рӯҳи инсонро низ ба куллӣ тағйир медиҳад ва ӯро ба рӯзи неку рӯзгори обод умедвор месозад. Наврӯз бо ҳама ҳусни…