Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»

Муҳтарам сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, Муҳтарам роҳбарон ва аъзои ҳайатҳо, Хонумҳо ва ҷанобон! Ҳамаи шуморо ба шаҳри Душанбе дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» хайрамақдам мегӯям. Умед дорам, ки аз рӯйи натиҷаҳои чорабинии имрӯза, ки дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикон доир мегардад, ҷиҳати татбиқи ҳадафу вазифаҳои дар сатҳи байналмилалӣ дар арсаи захираҳои об мувофиқашуда иқдомоти амалии муассир сурат хоҳад гирифт. Итминон дорам, ки конфронси имрӯза барои таҳияи тавсияҳои мушаххас роҷеъ ба мавзӯъҳои ҷаласаи дарпешистодаи Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор, ки дар он Ҳадафи шашум оид ба захираҳои об муҳокима мегардад, имконоти мусоид фароҳам меорад. Бо ибтикори Раиси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 22-юми марти соли равон – дар Рӯзи умумиҷаҳонии захираҳои об – мо ҳама якҷо ба раванди татбиқи Даҳсолаи нави байналмилалӣ оид ба об ҳусни оғоз бахшидем. Мехостам ба Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва ҳамсафонаш барои таҳия ва оғози роҳандозии Нақшаи амалиёти Даҳсола, ки метавонад василаи муҳимми раванди татбиқи он гардад, арзи сипос намоям. Муҳтарам хонумҳо ва ҷанобон! Мо ба пешбурди Даҳсолаи нав бо такя ба таҷрибаи бисёр муфиде, ки дар ҷараёни амалисозии ташаббусҳои қаблии глобалии марбут ба об андӯхта шудааст,…