Дави наврӯзӣ.
Хабарҳо / 20.03.2019

Бо мақсади иҷрои дастру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазоворона таҷлил намудани ҷашни «Наврӯзи байналмилалӣ» дави наврӯзӣ ва марафони велосипедронӣ дар ноҳия баргузор гардид. Маврид ба ёдоварист, ки баҳри оммавӣ гардонидани варзиш ва солимии ҷомеа дар мадди аввали назари Сарвари мамлакат қарор дорад. Дави наврӯзӣ ва марафони велосипедронӣ бо сухани ифтитоҳии иҷрокунандаи  вазифаи раиси ноҳия Зиёзода Сулаймон оғоз гардид. Аз ҷулма, раиси ноия ҳамагонро бо ҷашни Нарӯзи байналмилалии дар пешистода табрику муборакбод намуд. Дар дави наврӯзӣ ҳамаи ташкилоту идораҳо, муассисаҳои таълимиву тандурустӣ ширкат варзиданд, ки зиёда аз 2000 нафарро дарбар мегирифт. Ғолибон бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравии макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич қадршиносӣ гардиданд.

Ҳадафҳои нопок амалӣ намегарданд!
Хабарҳо / 09.03.2019

Дар мақолаи охирини Додоҷон Атовуллоев дар мавриди ТТЭ ҲНИ, ошкорсозии амалҳои нангини онҳо маълумотҳои аҷибе оварда шуд. Тавре аз гуфтаҳои рӯзноманигор аён мегардад, Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш танҳо барои манфиати хеш амал намудаанд. Аз манфиатҳои ба даст овардаи он хоину ҷиноятпешагон ҷанги шаҳрвандӣ сар зад. Дар натиҷа душманони миллати тоҷик сабабгори бадбахтиҳои зиёд дар кишвар гардиданд. Сомонаи “Ахборком”, ки ба Мирзо Салимпур тааллуқ дорад, бозичаи дасти ташкилотҳои террористиву экстремистӣ табдил ёфтааст. Манфиатҳои ҳизби наҳзат ва хоҷагонашро пиёда месозад. Ӯ бо ақидаҳои ғаразноки худ ва шариконаш гӯё вокунише нисбати рӯзноманигор эҷод карданд. Аммо аз навиштаҷоти “Ахборком” ба ҷуз дуруғ чизи дигаре ба назар намерасад. Наҳзатиён барои рӯйпуш кардани гуфтаҳои Д.Атовуллоев ва ҷиноятҳояшон дар шабакаҳои иҷтимоии хеш доири гирдиҳамоии санаи 10 декабр дар назди сафорати Тоҷикистон дар Берлин гузарониданд, маводҳо нашр намуданд. Бо намоишу гирдиҳамоӣ хоинони миллат талаби раҳоии чанд ҷинояткор намуданд. Аммо ҳадафи асосии он бедодгариҳои навбатӣ, гумроҳ сохтани мардум ва вонамудкунӣ барои дарёфти хоҷаи нав буд. Ин террористону экстремистони наҳзатӣ, дифоъ аз ҳуқуқу озодиҳои инсон мекунанд? Дар ҳоле, ки худ ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро поймол карда, ҷавононро ба созмону гуруҳҳои террористӣ ҷалб менамоянд. Гирдиҳамоиро террористону экстремистони наҳзатӣ ба хотири содир намудани амалҳои номатлуб ва хиёнаткорона барпо карданд. Инчунин мусоҳибаи Шабнам…