Абдуллоҳи Раҳнамо: «Ҳайати ҳукумат ба конфронси Варшава бо сари баланд ва рӯи сурх меравад»
Хабарҳо / 13.09.2019

Аз 16 то 26 сентябр дар шаҳри Варшава машварати навбатии солонаи Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА)  бо иштироки  қариб 60 давлат доир мегардад. Бо наздик шудани машварати навбатии солона таваҷҷуҳи доираҳои сиёсӣ ва иттилоотии дохилӣ ва хориҷӣ ба иштироки ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин чорабинии байналмилалӣ афзоиш меёбад. Дар робита ба моҳият, аҳамият ва вазифаҳои ҳайати расмии Тоҷикистон дар ин ҳамоиш хабарнигори  АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ бо узви ҳайати расмии Тоҷикистон дар конфронси Варшава, мушовири директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоҳи РАҲНАМО суҳбат намуд.  АМИТ «Ховар»: Пеш аз ҳама, мегуфтед, ки Машварати солонаи САҲА ё конфронси Варшава чӣ ҳадаф ва чӣ аҳамият дорад ва чаро ба он таваҷҷуҳи зиёд дода мешавад?  Абдуллоҳи Раҳнамо: Машварати солонаи Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА яке аз бузургтарин ҳамоишҳои ҷаҳонӣ дар боби арзишҳои демократӣ ва масъалаҳои ҳуқуқи башар ба шумор меравад. Дар он давлатҳои узви САҲА ва даҳҳо созмонҳои миллию байналмилалӣ иштирок намуда, ҳудуди ду ҳазор вакил дар муддати ду ҳафта маҷмуаи масъалаҳои ин самтро баррасӣ мекунанд. Дар доираи ин машварат даҳҳо нишасти умумӣ ва нишастҳои канорӣ доир мешаванд, ки ба масъалаҳои мушаххас бахшида шудаанд. Ҳар давлат мавқеи худро дар самти таъмин ба…