Зариф Ализода: «Қурбониёни воқеӣ даҳҳо рӯзноманигори шинохтаанд, ки маҳз аз дасти наҳзатиён кушта шуданд»
Хабарҳо / 19.09.2019

ДУШАНБЕ, 19.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 16 сентябри соли 2019 дар шаҳри Варшава ҳамоиши навбатии САҲА ба кори худ оғоз кард. Вобаста ба масъалаҳои мавриди баррасӣ дар ин ҳамоиш, аъзои ҳайати расмии Тоҷикистон дар чанд ҷаласа суханронӣ намуданд. Аз ҷумла, роҳбари ҳайати давлатӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода диққати ҳозиринро ба масъалаи иқдомҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар заминаи таъмини арзишҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон ҷалб кард.

Выступление Хикматулло Холиков – член Ассоциации таджиков в Казахстане
Хабарҳо / 19.09.2019

Уважаемые дамы и господа, госпожа председатель! Я Холиков Ҳикматулло представляю таджикскую ассоциацию в Казахстане. Прежде всего хочу сказать спасибо ОБСЕ и членов команды этой организации за такую прекрасную организацию работу форума. Сегодняшняя тема встречи посвящена свободному выражению мнения.

ИВАН (ИЗЗАТ) АМОН ҲИЗБ МЕСОЗАД?
Хабарҳо / 19.09.2019

Шахси дар акс бударо мешиносед? Ба фикрам аксарият шинохтанд. Ва иштибоҳ карданд. Иззат Амон нест. Ин шахс дар олами Ғарб маъруф буд, бо ному насаби Дэвид Хемптон. Дар рейтингномаи шинохтатарин қаллобони дунё ҷойи панҷумро ишғол мекард. Худро ба атрофиён фарзанди ҳунарманди машҳури Голливуд муаррифӣ намуда, аз шахсони зудбовар маблағҳои калони пулӣ меситонид … ва ғайб мезад. Акнун ба нусхаи аслии Иззат Амон бингаред. Монандиро дарёфтед? Аз ҳама аҷибаш ин аст, ки шабеҳият танҳо дар чеҳра нест. Сирату замирашон ҷумлагӣ як аст. Мутаассифона, дар таҳияи рейтингномаҳо ҷумҳурии кӯчаки моро нодида мегиранд, вагарна корномаҳои Иззати «мо»-ро дида, аз навиштаи исми девидҳо шармашон меомад. Тамоми рекордҳои ҷаҳонӣ дар байни қаллобон ба номи Иззат бознавис мегаштанд. Бингар ба саргузашти қаллоби рақами 1 – Иззат Амон. Сафар инсонро зиёд меомӯзонад. Ҷойе баду дар маконе нек. Вобаста аз мафкураю хулқу атвор мусофир аз ин ду якеро интихоб мекунад. Иззат низ аз ҷавонӣ хеле сафарҳо дошт. Зиёд ҳам омӯхт. Аз ҷумла, илмҳои нави политтехнологиро. Ва маҷрои ҳаёташро бо ҳамин пайроҳа ҷорӣ кард. Аллакай дар ин ҷода чандин ҳамсафарро иваз кардааст. Бонавбат гӯл зада, фиреб дода. Ҳар куҷое, ки бӯйи маблағи муфт ба машом расид, Иззат Амон он ҷост: гоҳ дар симои олим, ҷойе чун адвокат, гаҳе чун…