ҲАМБАСТАГИИ МИЛЛӢ ДАР БАРОБАРИ ТАҲДИДҲОИ ИФРОТГАРОӢ. Ё ҳафт ёддошти кӯтоҳ аз ҳафт рӯзи нишасти Варшава
Хабарҳо / 23.09.2019

ДУШАНБЕ, 23.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, имрӯзҳо дар шаҳри Варшава Конфронси солонаи САҲА оид ба ҳуқуқи башар ҷараён дорад. Аз ду ҳафта як ҳафтаи он гузашт. Ҳарчанд то натиҷагирӣ ҳанӯз дур аст, аммо аз ин ҳафт рӯз ҳафт нуктаи муҳимро яке аз аъзои ҳайати расмии Ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло РАҲНАМО ёддошт намудааст, ки онҳоро пешкаши хонандагон мегардонем.