БАҚАЙДГИРИИ ДОВТАЛАБОН БАРОИ ИШТИРОК ДАР ИМД-2020
Хабарҳо / 03.04.2020

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳалаи асосии бақайдгирии довталабонро барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавии соли 2020-ро барои довталабони ноҳияи Деваштич оғоз кард. Нуқтаи бақайдгирӣ дар заминаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 ҷойгир буда, хоҳишмандон имкон доранд то санаи 30-юми апрел бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз қайд гузаранд. Довталабон дар доираи як гурӯҳи ихтисосҳо ҳуқуқи интихоби то 12 комбинатсияи ихтисосҳоро вобаста аз муассисаҳои таълимӣ, шакли таҳсил (рӯзона, ғоибона, шабона, фосилавӣ) ва намуди таҳсил (ройгон, пулакӣ) дорад. Барои хоҳишмандони иштирок дар ИМД-2020 тавсия дода мешавад, ки ҳангоми бақайдгирӣ дар интихоби ихтисосҳо, муассисаҳои таълимӣ, шакл ва намуди таҳсил, ҷобаҷогузории бартарии интихобҳо (яъне дар ҷойи 1 ум гузоштани комбинатсияи ихтисоси бештар писанд ва ба ҳамин тартиб то 12 ум), забон ва макони имтиҳонсупорӣ, макони фиристодани даъватнома ва ғайра ба хато роҳ надиҳанд ва пеш аз ҳозир шудан ба нуқтаи бақайдгирӣ интихобҳои худро муайян кунанд. Арзиши хизматрасонӣ дар ИМД-2020 барои як довталаб чунин муқаррар карда шудааст: 1) 210 (дусаду даҳ) сомонӣ – марҳалаҳои асосӣ ва иловагии бақайдгирӣ барои иштирок дар ИМД ва марҳалаи иловагии азнавбақайдгирӣ барои иваз кардани интихобҳои аввалия; 2) 25 (бисту панҷ) сомонӣ – марҳалаи асосии азнавбақайдгирӣ барои иваз кардани интихобҳои аввалия Лозим ба қайд аст, ки шахсони зерин аз…