ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Соҳибкорони Деваштич фермаи мурғпарварию чорводорӣ ва сардхона месозанд
Хабарҳо / 30.05.2020

ДУШАНБЕ, 30.05.2020. /АМИТ Ховар/. Дар Ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич ба шарафи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми соҳибкорони маҳаллӣ сохтмони фермаи мурғпарварӣ барои 20 ҳазор сар аз ҷониби ширкати «Ҳоҷирасул» ва сохтмони фермаи чорводорӣ барои 350 сар чорвои хушзот аз ҷониби ширкати «Нури Дален» бо маром идома дорад. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Сохтмони иншооти мазкур то ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ба итмом расонида шуда, ба фаъолият оғоз менамоянд. Дар он 50 нафар сокинон бо ҷои кори доимӣ таъмин гашта, бозорҳои мамлакатро бо маҳсулоти хушсифат- тухми парранда ва гӯшти моли калон таъмин менамоянд. Ҳамчунин дар ин ҷамоат сардхона барои 400 тонна маҳсулот, нуқтаи ченаки вазни маҳсулот ва маркази хизматрасонӣ бунёд мегардад. Он аз ҷониби соҳибкори ватандӯст бо маблағгузории зиёда аз 4 миллион сомонӣ амалӣ гардида истодааст. Амалӣ шудани чунин иқдомҳо дар ноҳияи Деваштич омили рушди иқтисодии ноҳия арзёбӣ маҳсуб мешавад

Дар ноҳияи Деваштич сидоти сайёри назди Раиси вилоят оид ба вазъи эпидемологӣ ва пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 баргузор гашт
Хабарҳо / 28.05.2020

Дар машварати кори Раиси ноҳияи Деваштич, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, раисони ҷамоатҳо , сардухтур ва роҳбарони корхонаҳои комуналӣ иштирок намуданд. Дар машварати корӣ дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешгири ва беҳтар кардани вазъи эпидемиологӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таъкид карда шуд, ки саломатии ҳар як нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон зери назорати роҳбари давлат қарор дошта барои пешгирии паҳншавии беморӣ ва муолиҷаи саривақтии сокинон тамоми тадбирҳои зарури саривақт андешида шуда истодаанд. Дар машварати корӣ ба Раиси вилоят маълумот дода шуд, ки дар ноҳияи Деваштич табибони оилавӣ барои пешгирии сироятёбии беморон омода карда шудаанд. Ҳамчунин дар беморхонаи марказӣ ва ҷамоатҳо катҳои муолиҷавӣ дар ҳолати зарури омода карда шудаанд. Аз ҷониби Раиси вилоят дастур дода шуд, ки дорувориҳои зарурӣ, корҷома, ниқоб ва маводҳои антисептикӣ захираи се моҳа карда шавад. Ҳамчунин ба раисони ҷамаотҳо ва фаъолон супориш дода шуд, ки байни мардум ташвиқоту тарғиботи пешгирии бемориро пурзӯр намоянд ва гаштугузо, баромадан аз хона, бе ниқоби муҳофизати манъ карда шавад. Меъёрҳои нигоҳ доштани фосила риоя гардад, зеро риоя нагардидани қоидаҳои санитарӣ гигиени боиси паҳншавии беморӣ мегардад. Эҳтиёткор бошанд худ ва наздиконашонро назорат кунанд. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба пурзӯр кардани корҳои…

Раиси вилоят дар ҳавлии истиқоматии сокини Ҷамаоти деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич аз рафти парвариши помидор, бодиринг, картошка ва самаранок истифодабарии қитъаи наздиҳавлигӣ шинос шуд
Хабарҳо / 28.05.2020

Дар партави дастуру хидоятхои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди самаранок истифодабарии замин, руйёндини ду се ҳосил дар як сол ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат собиқадори меҳнат, кишоварзи варзида Абдуҷаббор Қаҳҳоров амал намуда замини назди ҳавлигиашро самаранок истифода мебарад. Ӯ ҳамчун деҳқони пуртаҷриба тамоми фасли сол кишт намуда ҳосили фаровон мерӯёнад. Ҳангоми сӯҳбат ба Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода баён дошт, ки дар фасли тирамоҳ кабуди, дар фасли баҳор ва тобистон бошад ба парвариши помидор бодиринг, картошка машғул мебошад. Ба гуфтаи мавсуф аз 10 сотиқ қитъаи замини наздиҳавлигиаш то 4 тонна ҳосили картошка ҷамъоварӣ менамоянд. Ғайр аз картошка ӯ помидору бодиринг дарахтони себу олу парвариш намуда бо меваю сабзавоти тару тоза бозори истеъмолии деҳаро таъмин менамояд. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода таҷрибаи кори Абдуҷаббор Қаҳҳоровро намунаи ибрат арзёбӣ намуд, ба масъулин супориш дод, ки бояд ҳар як хоҷаги бо замин чунин муносибат намояд. Оила ин хонаводаи намунавиро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят муборакбод намуда тӯҳфаҳо супорид. Ҳамчунин Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич аз тарзи истифодабарии заминҳои наздиҳавлигии сокинони дигари ноҳия Фахриддин Шукуров…

Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ноҳияи Деваштич
Хабарҳо / 27.05.2020

Имрӯз дар ноҳияи Деваштич Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз рафти сохтмони як чанд иншоотҳо, ки ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегарданд дидан намуд. Имрӯзҳо сокинон ва соҳибкорони ноҳияи Деваштич дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бо дастовардҳои арзанда пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бунёди иншоотҳои зарури ва муҳайё кардани ҷойҳои кори доими пайваста кушиш ба харҷ дода истодаанд. Бо иқдоми соҳибкорони маҳалли дар Ҷамоати деҳоти Яхтан сохтмони фермаи мурғпарварӣ барои 20 ҳазор сар аз ҷониби ширкати Хоҷирасул ва сохтмони фермаи чорводорӣ барои 350 сар чорвои хушзот аз ҷониби ширкати «Нури Дален» бо маром идома дорад. Ба роҳбари вилоят маълумот дода шуд, ки сохтмони иншоотҳо то ҷашни Истиқлолияти давлати ба итмом расонида шуда ба фаъолият оғоз менамояд. Дар он 50 нафар сокинон бо ҷои кори доими таъмин гашта бо маҳсулоти хушсифат тухми парранда ва гушти моли калон бозорҳои мамлакатро таъмин менамоянд. Хамчунин дар ин ҷамоат сохтмони сардхона барои 400 тонна маҳсулот, нуқтаи ченак вазни маҳсулот ва маркази хизматрасони бунёд мегардад. Он аз ҷониби соҳибкори ватандӯст бо маблағгузории зиёда аз 4 миллион сомонӣ амали гашта истодааст. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дастгири ва…

Раиси вилоят ҷавонони маъюбро аёдат намуд
Хабарҳо / 27.05.2020

Санаи 26 майи соли равон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода тибқи дастуру супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ду нафар ҷавони маъюб, сокинони ноҳияи Деваштичро аёдат намуда, кӯмаки моддӣ ва тӯҳфаи хотиравӣ тақдим дошт. Аз ҷумла, аз ҷониби Раиси вилоят навраси маъюб Шаҳина Бадалова ва Гулру Иброҳимова сокини деҳаи Хуштоири Мухлони Ҷамоати деҳоти Яхтан аёдат карда шуд. Қобили зикр аст, ки сиёсати давлатии ҷавонон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ дар маркази таваҷҷуҳи давлати Тоҷикистон қарор дошта, роҳбарияти давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят то имрӯз ҳар як ибтикори созандаи ҷавононро дастгирӣ менамоянд ва фаъолияти ватандӯстонаву босамари онҳоро ҳамеша қадр мекунанд. Мусаллам аст, аёдати бечорагон, барҷомондагон, ятимону маъюбон, оилаҳои бепарастору камбизоат ва дигар ниёзмандон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ҳар иду аём барпо мегардад. Волидайни аёдатшудагон аз ин таваҷҷуҳу ғамхорӣ болида гардида, зикр намуданд, ки мо ҳеҷ гоҳ худро танҳою бекас ҳис намекунанд. Диламон пур аст, ки Пешвои ғамхору мӯнис ва роҳбарони оқилу саҳоватпеша дорем. Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз рафти корҳои саҳрои ва аз худ кардани заминҳои нав дар ноҳияи Деваштич шинос шуд
Хабарҳо / 27.05.2020

Субҳи имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари кори аз рафти корҳои саҳрои парвариши токзор дар хоҷагиҳои деҳқонии «Сиддиқбобо», «Мелибобо» ва «Шомуродҷон»-и деҳаи Хуштоири Мухлони Ҷамоати деҳоти Яхтан ташриф овард. Бояд зикр кард деҳқонони Деваштич дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон-ро сармашқи кори худ қарор дода оиди самаранок истифодабарии замин, руйёндани ҳосили фаровон ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат заминро самаранок истифода мебаранд. Ба роҳбари вилоят маълумот дода шуд, ки дар минтақа асрҳое аср ягон намуди зироат руёнида намешуд. Замини ғайри кишоварзӣ бо ташббуси кишоварзон ба замини корам табдил дода шуд. Дар масоҳати 20 гектар замин токзор бунёд карда дар он ниҳолҳои токи Суғдиён шинонда шуд. Ҳоло ниҳолҳо нашъу намои хуб доранд. Барои самаранок истифода барии замин ва гирифтани ду се ҳосил дар байни қаторҳо, кишти полези тарбуз ва харбуза ҳамчунин картошка кишт карда шудааст. Ба истифода барии самараноки замин аз ҷониби Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода баҳои баланд дода шуд. Таъкид гардид, ки таҷрибаи деҳқонони Деваштич ба кишоварзони дигар ноҳияҳои вилоят низ омӯзонда шавад. Зеро ободии ва сарсабзии замин пеш аз ҳама аз меҳнату заҳмати худи деҳқон вобаста аст. Барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат, ки зимни…