Дар ноҳияи Деваштич сидоти сайёри назди Раиси вилоят оид ба вазъи эпидемологӣ ва пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 баргузор гашт
Хабарҳо / 28.05.2020

Дар машварати кори Раиси ноҳияи Деваштич, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, раисони ҷамоатҳо , сардухтур ва роҳбарони корхонаҳои комуналӣ иштирок намуданд. Дар машварати корӣ дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешгири ва беҳтар кардани вазъи эпидемиологӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таъкид карда шуд, ки саломатии ҳар як нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон зери назорати роҳбари давлат қарор дошта барои пешгирии паҳншавии беморӣ ва муолиҷаи саривақтии сокинон тамоми тадбирҳои зарури саривақт андешида шуда истодаанд. Дар машварати корӣ ба Раиси вилоят маълумот дода шуд, ки дар ноҳияи Деваштич табибони оилавӣ барои пешгирии сироятёбии беморон омода карда шудаанд. Ҳамчунин дар беморхонаи марказӣ ва ҷамоатҳо катҳои муолиҷавӣ дар ҳолати зарури омода карда шудаанд. Аз ҷониби Раиси вилоят дастур дода шуд, ки дорувориҳои зарурӣ, корҷома, ниқоб ва маводҳои антисептикӣ захираи се моҳа карда шавад. Ҳамчунин ба раисони ҷамаотҳо ва фаъолон супориш дода шуд, ки байни мардум ташвиқоту тарғиботи пешгирии бемориро пурзӯр намоянд ва гаштугузо, баромадан аз хона, бе ниқоби муҳофизати манъ карда шавад. Меъёрҳои нигоҳ доштани фосила риоя гардад, зеро риоя нагардидани қоидаҳои санитарӣ гигиени боиси паҳншавии беморӣ мегардад. Эҳтиёткор бошанд худ ва наздиконашонро назорат кунанд. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба пурзӯр кардани корҳои…

Раиси вилоят дар ҳавлии истиқоматии сокини Ҷамаоти деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич аз рафти парвариши помидор, бодиринг, картошка ва самаранок истифодабарии қитъаи наздиҳавлигӣ шинос шуд
Хабарҳо / 28.05.2020

Дар партави дастуру хидоятхои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди самаранок истифодабарии замин, руйёндини ду се ҳосил дар як сол ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат собиқадори меҳнат, кишоварзи варзида Абдуҷаббор Қаҳҳоров амал намуда замини назди ҳавлигиашро самаранок истифода мебарад. Ӯ ҳамчун деҳқони пуртаҷриба тамоми фасли сол кишт намуда ҳосили фаровон мерӯёнад. Ҳангоми сӯҳбат ба Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода баён дошт, ки дар фасли тирамоҳ кабуди, дар фасли баҳор ва тобистон бошад ба парвариши помидор бодиринг, картошка машғул мебошад. Ба гуфтаи мавсуф аз 10 сотиқ қитъаи замини наздиҳавлигиаш то 4 тонна ҳосили картошка ҷамъоварӣ менамоянд. Ғайр аз картошка ӯ помидору бодиринг дарахтони себу олу парвариш намуда бо меваю сабзавоти тару тоза бозори истеъмолии деҳаро таъмин менамояд. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода таҷрибаи кори Абдуҷаббор Қаҳҳоровро намунаи ибрат арзёбӣ намуд, ба масъулин супориш дод, ки бояд ҳар як хоҷаги бо замин чунин муносибат намояд. Оила ин хонаводаи намунавиро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят муборакбод намуда тӯҳфаҳо супорид. Ҳамчунин Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич аз тарзи истифодабарии заминҳои наздиҳавлигии сокинони дигари ноҳия Фахриддин Шукуров…