КОМЁБИҲОИ КИШВАРАМОН АЗ ҲИДОЯТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МЕБОШАНД!
Хабарҳо / 19.06.2020

Дар бораи аҳамияти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд: «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аз лиҳози аҳамияти фавқулоддаи худ бо Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт». Дарвоқеъ, дуруст аст, ки бо шарофати ба имзо расидани Созишнома дар кишвари мо муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима ёфта, мардум оҳиста – оҳиста ба марҳалаи навин, яъне гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини Ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон ва рушди онҳо оғоз намуд. Мисоли ин гуфтаҳо бунёди нақбу пулҳо, роҳҳои ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ ва сохта ба истифода додани чандин мактабҳои наву замонавӣ, инчунин барои расидан ба Истиқлолияти энергетикӣ сохтани НБО – ҳо ба ҳисоб мераванд. Мардуми тоҷик бо роҳбарии марди хирадманду тавоно муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, кишвари ҷангзада ва харобгардидаи худро дар як муддати кӯтоҳ ободу зебо гардонида, дар ақсои олам номвар созанд. Маҳз, бо талошҳои шабонарӯзии фарзанди фарзонаи миллат сулҳу ваҳдати миллӣ пойбарҷост. Ба миллати тоҷик борҳо хатари парокандагию нобудӣ таҳдид кард,…