Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо раисони як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Хабарҳо / 10.06.2020

9 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи раисони шаҳри Панҷакент, ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд, ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Тоҷикобод, Сангвор ва Лахшро оид ба вазъи корҳои саҳроӣ, ҷамъоварии ҳосили ғалладонагӣ, сабзавот ва мевагиҳо, кишти картошка, ҳолати беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳо, иҷрои супоришҳо оид ба чораҳои пешгирии паҳншавии бемории сироятии короновирус ва таъмиру таҷдиди муассисаҳои таълимӣ шуниданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳои зикршуда оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ, таъмини нақшаи 40 фоиз зиёд кардани майдони кишти картошка, ҷамъоварии саривақтию беталафи ғалладонагӣ, сабзавот, меваҷот, содироти маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини бозори истеъмолӣ бо маводи ниёзи аввал, беҳбуд бахшидани вазъи беморхонаҳо, таъмини табобатхонаҳо бо маводи лозимаи тиббӣ, доруворӣ ва хӯрока, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба беморон, тақвият бахшидани тадбирҳои санитарию гигиенӣ миёни аҳолӣ ва марказҳои иҷтимоию хизматрасонӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва паҳншавии бемории сироятӣ бори дигар ба раисони шаҳру ноҳияҳо барои дар ҳар як шаҳру ноҳия бунёд кардани беморхонаҳои сироятӣ супоришҳои қатъӣ доданд. Ҳамчунин Сарвари давлат дастур доданд, ки мактабҳо ва муассисаҳои томактабиро таъмиру таҷдид карда, ба соли нави хониш омода созанд. Аз раисони шаҳру ноҳияҳо талаб карда шуд, ки ҳар як…

РАИСИ ШАҲРИ КӮЛОБ ДАСТГИР КАРДА ШУД. Маркази матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад
Хабарҳо / 10.06.2020

8  июни соли ҷорӣ  Раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ дастгир карда шуд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба маркази матбуоти КДАМ.

ЗАДЕРЖАН ПРЕДСЕДАТЕЛЬ ГОРОДА КУЛЯБ. Пресс-центр Государственного комитета национальной безопасности Республики Таджикистан сообщает
Хабарҳо / 10.06.2020

8 июня Государственным комитетом национальной безопасности Республики Таджикистан, в связи с совершением преступлений коррупционного характера, был задержан Председатель города Куляб Хатлонской области Бахром Иноятзода.  Об этом сообщает НИАТ «Ховар» со ссылкой на пресс-центр ГКНБ Таджикистана.

Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз хоҷагии деҳқонии «Шердил»
Хабарҳо / 03.06.2020

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Ҷамоати деҳоти Далёни боло бо фаъолияти аъзои хоҷагии деҳқонии «Шердил» шинос гардид. Хоҷагии деҳқонии «Шердил» дорои 8,50 га замин буда, дар он 9 нафар саҳмдор фаъолият доранд. Дар хоҷагии мазкур 2,5 га боғи интенсивӣ ташкил гардида, навъҳои гуногуни себ, гелос, шафтолу ва сиёҳолу парвариш карда мешавад. Инчунин дар 1,40 га чормағзи туркӣ нигоҳубин карда шуда, дар байни қатори боғот пиёз, помидор, лаблабу, сабзӣ, бодиринг, қаланфуру картошка кишт шудааст. Аъзои хочагӣ ҳамзамон ба кишти картошка низ таваҷҷуҳи хос дошта, имсол дар 3,70 га анвои серҳосили картошкаро кишт кардаанд. Раиси вилоят зимни суҳбат бо кишоварзон иброз дошт, ки ҳар як деҳқон бояд заминро самаранок истифода бурда, бо назардошти иқлими минтақа зироатҳои кишоварзиро кишту парвариш намояд. Зеро таъмини амнияти озуқавории кишвар аз фаъолияти деҳқонон вобастагӣ дошта, бидуни истифодаи оқилонаи замин наметавон ба ҳадафи стратегӣ расид. Мувофиқи мақсад дониста шуд, ки ғалла дар заминҳои лалмӣ кишт карда шуда, заминҳои обӣ барои истеҳсоли картошка истифода гардад. Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Сафари кории Раиси вилоят ба Ҷамоати деҳоти Далёни болои ноҳияи Деваштич
Хабарҳо / 03.06.2020

2 июни соли 2020 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Деваштич сафар карда, бо раванди бунёдкориҳо дар Ҷамоати деҳоти Далёни боло шинос гардид. Раиси вилоят сараввал рафти корҳои сохтмониро дар Маркази хизматрасонии “Ҳоҷӣ Мирзо” мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Тавре ба Раиси вилоят иттилоъ дода шуд, маркази хизматрасонӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Раззоқ Раззоқов бунёд карда мешавад. Дар ин марказ, ки аз ду ошёна иборат аст, тарабхона барои гузаронидани тӯю маъракаҳо, чойхонаи миллӣ ва кошонаи ҳусн таъсис дода хоҳад шуд. Раиси вилоят иқдоми соҳибкори маҳаллиро шоистаи пайравӣ унвон карда, ташкили чунин марказҳои хизматрасониро барои ободонии маҳал муҳиму саривақтӣ унвон кард. Сипас, Раҷаббой Аҳмадзода аз бинои нави Беморхонаи ноҳиявии №5, воқеъ дар деҳаи Далёни поёни Ҷамоати деҳоти Далёни боло боздид намуд. Сохтмони бинои нави Беморхонаи ноҳиявии №5 аз ҷониби соҳибкор Садрӣ Файзиев моҳи марти соли 2018 оғоз ёфта, ба ҳолати имрўза барои истифода пурра омода аст. Он аз чор ошёна иборат буда, дорои шуъбаҳои таваллуд, қабул ва таҳлилгоҳ, утоқи хатнаи кўдакон, касалиҳои узвҳои дарунӣ ва бачагона мебошад. Беморхона барои 75 кат пешбинӣ гардида, бо таҷҳизоти муосири…