Муроҷиатнома ба Кабирӣ – Кобра, Муҳаммадиқбол- Муҳаммади беиқбол, Мирзои Салимпур – ноздонаи ҷонона (вокуниш ба Нидои миллат – филми мустанади “Хиёнат”)
Хабарҳо / 10.07.2020

Дар таърих рӯйдодҳои зиёдеро метавон мисол овард, ки дар ҳолатҳои ҳассос ҳатто мухолифини давлат дар канори ҳам меоянд ва алайҳи душман муқовимат мекунанд.

Натиҷагирӣ аз шашмоҳи фаъолият.
Хабарҳо / 09.07.2020

Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич бо иштироки муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ризо Шодӣ, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш дар вилояти Сущд Мирзоқосим Каримзода, муовинони раиси ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомотҳои қифзи ҳуқуқ, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо ва раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву  иҷтимоии ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2020 баргузор гардид. Маҷлисро раиси ноҳия Сулаймон Зиёзода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи маҷлис шинос намуд. Баъдан муовини якуми раиси ноҳия Умар Маҳмадёрзода дар бораи натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар нимсолаи аввали  соли 2020 ахбороти муфассал пешниҳод намуда, барои расидан ба ҳадафҳои миллии стратегӣ ва дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳарф зад. Сипас муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ризо Шодӣ ва сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш дар вилояти Сущд Мирзоқосим Каримзода дар мавриди дастовардҳои ноҳия суханронда, иҷрои сарвақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози ақида намуданд. Раиси ноҳия Сулаймон Зиёзода аз масъулин оиди фаъолияти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия…

Раиси вилоят сокини 105 солаи ноҳияи Деваштич Мастура Калоноваро аёдат намуд
Хабарҳо / 08.07.2020

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич сокини 105 солаи ноҳия Мастура Калоноваро аёдат намуд. Раҷаббой Аҳмадзода зимни аёдат аз сиёсати инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, изҳор дошт, ки роҳбарияти вилоят мунтазам аз ҳоли пирони рӯзгор ва шахсиятҳои пешқадам бохабар гардида, онҳоро дастгирӣ менамояд. Мастура Камолова тӯли умри пурбаракати худ 8 фарзандро ба воя расонидаву тарбия кардааст, ки имрӯз фарзандони ӯ дар соҳаҳои гуногун кору фаъолият доранд. Мавсуф соҳиби беш аз 100 набераву абера буда, дар ҳалқаи фарзандон давлатӣ пирӣ меронад. Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Раиси вилоят дар Ҷамоати деҳоти Ростровут бо сохтмони бинои таваллудхона шинос шуд
Хабарҳо / 08.07.2020

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич дар Ҷамоати деҳоти Ростровут бо сохтмони бинои таваллудхона шинос гардид. Ёдовар бояд шуд, ки ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич сохтмону навсозии 309 иншооти гуногун ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 200 адади он мавриди истифода қарор гирифтааст. Сокинони ноҳия ба пешвози ҷашни таърихӣ дар корҳои ободониву созандагӣ саҳми арзанда гузошта, барои ободонии маҳал ҷаҳду талош карда истодаанд. Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокини деҳаи Росровут Мирзоҳаким Камолов ва фарзандонаш бинои таваллудхонаро бунёд намуда истодаанд. Дар ин кори хайр оилаи Камоловҳоро ҳамдиёрон дастгирӣ намуда, тасмим доранд, ки таваллудхонаро мавриди истифода қарор диҳанд. Бинои таваллудхона аз ду ошёна иборат буда, дорои 10 кат мебошад ва бо ифтитоҳи он сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар ҷамоат беҳтар хоҳад шуд. Раиси вилоят иқдоми сокинони ҷамоатро шоистаи таҳсин унвон карда, таъкид кард, ки бояд ҳифзи солимии ҷомеа дар мадди аввал қарор дода шуда, ҷиҳати пешгирӣ аз  бемориҳои сироятӣ корҳо ҷоннок карда шаванд. Табибони ноҳияи Деваштич бо сипосмандӣ аз ғамхориҳои Сарвари давлат таъкид карданд, ки барои таъмини солимии ҷомеа тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳанд. Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд…

Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни татбиқи лоиҳаи хатти оби Даҳкатсой – Даҳанасой
Хабарҳо / 08.07.2020

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни татбиқи лоиҳаи хатти оби Даҳкатсой – Даҳанасой шинос гардид. Лоиҳаи мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади истифодаи самараноки обу замин, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, ҳарчи бештар ба шуғл ҷалб намудани аҳолӣ ва фароҳамсозии шароити мусоиди зиндагӣ татбиқ гардида истодааст. Татбиқи лоиҳаи хатти оби Даҳкатсой – Даҳанасой имкон медиҳад, ки ҳазорҳо гектар заминҳои ташналаби ноҳия обёрӣ гардад. Дар  ноҳияи Деваштич заминҳои корам беш аз 36 ҳазор гектар буда, зиёда аз 30 фоизи онҳоро заминҳои обӣ ташкил медиҳанд, ки асосан барои кишти картошка ва дигар навъҳои сабзавот, полезиҳо ва истеҳсоли меваю ангур истифода мешаванд. Аз ин лиҳоз, ҳоло масъалаи бо оби полезиву нӯшокӣ таъмин кардани аҳолӣ ва майдонҳои кишт аз ҷумлаи масъалаҳои аввалиндараҷаи ноҳия маҳсуб меёбад. Барои ноил шудан ба ин мақсад танҳо об лозим аст ва бо назардошти муҳимияти ин масъала бо дастгирии Ҳукумати  мамлакат айни замон кашидани хатти оби Даҳкатсой – Даҳанасой идома дорад. Иқтидори обанбори Даҳанасой 42 миллион метри мукааб аст ва аз ҳисоби борону селҳои мавсимӣ ҳар сол дар он ба ҳисоби миёна то 8 миллион метри…

Дар ноҳияи Деваштич 5400 гектар картошка кишт карда шудааст
Хабарҳо / 08.07.2020

Кишоварзони ноҳияи Деваштич соли равон дар 5400 гектар картошка кишт намуда, тасмим доранд, ки дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми арзанда гузоранд. Тавре маълум аст картошкапарварӣ яке аз соҳаҳои муҳими ноҳияи Деваштич маҳсуб меёбад. Аксари хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия ба парвариши ин намуди зироат машғуланд ва зиндагии худро аз ҳисоби картошкапарварӣ пеш мебаранд. Яке аз чунин хоҷагиҳои кишоварзӣ хоҷагии деҳқонии “Рӯзибой” аст, ки 20 гектар заминро дар ихтиёр дорад ва дар 10 гектари он тухмиҳои хушсифати картошка кишт кардааст. Чуноне аснои боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз хоҷагии мазкур иттилоъ дода шуд, аъзои хоҷагӣ ҳамасола даҳҳо тонна картошка истеҳсол намуда, онро ба бозорҳои вилояту ҷумҳурӣ ба фурӯш мебароранд. Раҷаббой Аҳмадзода ба фаъолияти деҳқонон баҳои баланд дода, иброз дошт, ки бояд ҳар як ваҷаб замин самаранок истифода гардад. Заминҳои бекорхобида ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуда, аз ин ҳисоб ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот сол ба сол афзун гардад. Дар ин раванд таҷрибаи кишоварзони ноҳия калон буда, хоҷагиҳои деҳқонӣ бо кофтани чоҳҳои амудӣ заминҳоро шодоб ва ҳосили дилхоҳ ба даст меоваранд. Танҳо дар якуним соли охир дар деҳоти ноҳия беш аз 100 чоҳи амудӣ кофта шуда, ҳолати мелиоративии садҳо гектар замин беҳтар карда шудааст. Раиси вилоят ба масъулин ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани ҳолати…

Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти занбӯрпарварони ноҳияи Деваштич
Хабарҳо / 08.07.2020

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рӯзи 7 июл зимни сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич бо фаъолияти занбӯрпарварони ноҳия шинос гардид. Занбӯриасалпарварӣ яке аз бахшҳои даромадноки хоҷагии қишлоқ маҳсуб ёфта, солҳои ахир дар вилоят барои рушди соҳа таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида истодааст. Айни замон дар вилоят 63 ҳазор оилаи занбӯри асал мавҷуд буда, дар ояндаи наздик тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то ба 100 ҳазор расонида мешавад. Аснои шиносоӣ таъкид карда шуд, ки иқлими ноҳияи Деваштич барои занбӯриасалпарварӣ мусоид буда, дар ноҳия 1656 оилаи занбӯри асал парвариш меёбад. Бо назардошти он, ки қисми зиёди ҷумҳурӣ кӯҳсор  аст, захираи зиёди растаниҳои асалдиҳанда имкон медиҳад, ки асали аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол гардад. Раҷаббой Аҳмадзода ҳини суҳбат бо занбӯриасалпарварон барои зиёд намудани оилаи занбӯри асал, афзун намудани ҳаҷми истеҳсолот ва банду басти он тавсияҳо дод. Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Политическая сущность Кабири – предательство!
Хабарҳо / 08.07.2020

В последние месяцы моего общения с друзьями и знакомыми, а также непосредственного чтения аналитических материалов в международной интернет-паутине пришёл к выводу, что всё, что происходит у нас в Таджикистане в условиях пандемии коронавируса является, слава Богу, терпимым.