Натиҷагирӣ аз шашмоҳи фаъолият.
Хабарҳо / 09.07.2020

Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич бо иштироки муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ризо Шодӣ, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш дар вилояти Сущд Мирзоқосим Каримзода, муовинони раиси ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомотҳои қифзи ҳуқуқ, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо ва раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву  иҷтимоии ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2020 баргузор гардид. Маҷлисро раиси ноҳия Сулаймон Зиёзода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи маҷлис шинос намуд. Баъдан муовини якуми раиси ноҳия Умар Маҳмадёрзода дар бораи натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар нимсолаи аввали  соли 2020 ахбороти муфассал пешниҳод намуда, барои расидан ба ҳадафҳои миллии стратегӣ ва дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳарф зад. Сипас муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ризо Шодӣ ва сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш дар вилояти Сущд Мирзоқосим Каримзода дар мавриди дастовардҳои ноҳия суханронда, иҷрои сарвақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози ақида намуданд. Раиси ноҳия Сулаймон Зиёзода аз масъулин оиди фаъолияти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия…