Таҷлили ҷашни Истиқлолият
Хабарҳо / 08.09.2020

Санаи 8 сентябри соли 2020 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 29 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Назарзода Ризо Шодӣ ва намоядагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи вилояти Суғд муҳтарама Умринисо Пӯлодӣ ва сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд муҳтарам Каримзода Мирзоқосим баргузор гардид. Маҷлиси тантанавиро Раиси ноҳия муҳтарам Зиëзода Сулаймон Ризоӣ ифтитоҳ намуда, ба самъи ҳозирин сухани табрикотии худро ироа намуданд. Сипас, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Назарзода Ризо Шодӣ баромад намуда, ба самъи ҳозирин Паёми табрикии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонида, оид ба дастовардҳои назарраси даврони Истиқлолият, муқаддасоти миллӣ, бо якдиливу муттаҳид ба бузургтарин ва арзишмандтарин неъмати бебаҳо яъне Истиқлолияти давлатӣ сазовор гардидани миллати тоҷик, қадам ба қадам амалӣ гардида истодани ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурӣ, шукргузорӣ ва расидан ба қадри ин неъмати бебаҳо, бо заҳмату талошҳои мардуми кишвар ба истифода супоридани ду агрегати НБО Роғун, дастгири ёфтани ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ…