Терроризм – доғе дар ҷомеаи ҷаҳонӣ
Хабарҳо / 08.10.2020

Яке аз мушкилҳое, ки имрeз xомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст, ривоҷ пайдо кардани падидаҳои терроризму экстремизм мебошад, ки барои амнияти мардум ниҳоят хатарзо мебошад. Мутаассифона, ба ин ҳаракату гурӯҳҳои тундгаро бештар ҷавони ҳанӯз мавқеъи сиёсиву иxтимоӣ пайдо накарда ва раҳгумзадагони нохудогоҳ гароиш доранд. Имрeз бисёре аз xавонон ва шаҳрвандон аз ҳадафҳои асосии гурeҳҳои ифротгаро бехабаранд. Ба қадри арзишҳои муқаддасе, чун истиқлолияту давлатдории миллӣ намерасанд. Дарк намекунанд, ки ҳифзи марзу буми Ватан, оромиву осудагии мардум ва ифтихор аз давлату миллати хеш барои ҳар инсони бонанг шарафу номуси ватандорӣ мебошад. Сабабҳои пайдоиш ва паҳн гардидани падидаҳои номатлуби номбурда дар он аст, ки ҷавонон аз маърифати ҳуқуқӣ бебаҳра буда, ҳатто пас аз таҳсил дар мактабҳои олӣ аз донишҳои арзишҳои худшиносии миллӣ маъсулияти ватандорӣ ва монанди он бенасиб мемонанд ва дар натиҷа ба гурӯҳҳои ифротгаро шомил мегарданд. Тайи солҳои охир падидаҳои номатлубу хатарзоҳоеро бо номи ифротгароӣ, терроризм, даҳшатафканӣ, зӯроварӣ, экстремизм, фундаметализм ном мебаранд, ки башариятро ором гузошта наметавонанд. Бесабаб нест, ки дар иртибот ба ин падидаи оламсӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз доштаанд: -Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар…