Тренинги омӯзишӣ дар мавзӯъҳои «Асосҳоибанақшагирии стратегӣ» ва «Арзёбии ҳолатҳои фавқулодда, пешгирӣ ва пастнамудани хавфиофатҳои табиӣ».
Хабарҳо / 13.10.2020

Рӯзҳои 12-13 октябри соли ҷорӣ дар ноҳияи Деваштич бо иштироки Сардори раёсати рушди минтақаҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамидов Султоншо, мушовирони Маркази машваратии Барномаи рушди СММ дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимов Хурсандмурод ва Ҳамидов Ғафур, мушовир оид ба арзёбии ҳолатҳои фавқулодда, пешгирӣ ва паст намудани хавфи офатҳои табиӣ Баҳром Ғафорзода, инчунин, аъзоёни Гуруҳи кории ноҳиявӣ оиди таҳияи барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2021-2025, тренинги омӯзиши дар мавзӯъҳои «Асосҳои банақшагирии стратегӣ» ва «Арзёбии ҳолатҳои фавқулодда, пешгирӣ ва паст намудани хавфи онҳо», доир гардид. Чорабинии мазкур аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ва Барномаи оид ба идоракунии хавфи офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон, ки бо дастгирии молиявии Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ амалӣ мегардад, ташкил карда шудааст. Ҳадафи асосӣ аз баргузор намудани тренинги мазкур, ин баланд бардоштани малакаву дониши аъзоёни гурӯҳи кории ноҳиявӣ оид ба раванди банақшагирии стратегии рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва арзёбии ҳолатҳои фавқулодда, пешгирӣ ва паст намудани хавфи онҳо, ҳангоми таҳияи барномаи рушди ноҳия барои солҳои 2021-2025 мебошад. Дар тренинг аъзоёни Гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи барномаи рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳия, масъулини сохторҳои дахлдори ноҳиявӣ ва мутахассисони…