Рӯзҳои 12-13 октябри соли ҷорӣ дар ноҳияи Деваштич бо иштироки Сардори раёсати рушди минтақаҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамидов Султоншо, мушовирони Маркази машваратии Барномаи рушди СММ дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимов Хурсандмурод ва Ҳамидов Ғафур, мушовир оид ба арзёбии ҳолатҳои фавқулодда, пешгирӣ ва паст намудани хавфи офатҳои табиӣ Баҳром Ғафорзода, инчунин, аъзоёни Гуруҳи кории ноҳиявӣ оиди таҳияи барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2021-2025, тренинги омӯзиши дар мавзӯъҳои «Асосҳои банақшагирии стратегӣ» ва «Арзёбии ҳолатҳои фавқулодда, пешгирӣ ва паст намудани хавфи онҳо», доир гардид. Чорабинии мазкур аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ва Барномаи оид ба идоракунии хавфи офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон, ки бо дастгирии молиявии Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ амалӣ мегардад, ташкил карда шудааст. Ҳадафи асосӣ аз баргузор намудани тренинги мазкур, ин баланд бардоштани малакаву дониши аъзоёни гурӯҳи кории ноҳиявӣ оид ба раванди банақшагирии стратегии рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва арзёбии ҳолатҳои фавқулодда, пешгирӣ ва паст намудани хавфи онҳо, ҳангоми таҳияи барномаи рушди ноҳия барои солҳои 2021-2025 мебошад. Дар тренинг аъзоёни Гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи барномаи рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳия, масъулини сохторҳои дахлдори ноҳиявӣ ва мутахассисони…
09.10.2020 Считанные дни остаются до того, как граждане Таджикистана изберут президента. На главный пост страны претендуют пять кандидатов. В их числе – действующий глава государства.
(Аз мунозираи ду рақиби оштинопазир кадом хулосаҳо бармеоянд?) I. Дар тӯли се сол, Додоҷон Атовуллоев борҳо Муҳиддин Кабириро ба мунозира даъват карда буд. Вале ӯ бо баҳонаҳои мухталиф аз мубоҳисаи ошкоро имтиноъ меварзид.
Яке аз мушкилҳое, ки имрeз xомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст, ривоҷ пайдо кардани падидаҳои терроризму экстремизм мебошад, ки барои амнияти мардум ниҳоят хатарзо мебошад. Мутаассифона, ба ин ҳаракату гурӯҳҳои тундгаро бештар ҷавони ҳанӯз мавқеъи сиёсиву иxтимоӣ пайдо накарда ва раҳгумзадагони нохудогоҳ гароиш доранд. Имрeз бисёре аз xавонон ва шаҳрвандон аз ҳадафҳои асосии гурeҳҳои ифротгаро бехабаранд. Ба қадри арзишҳои муқаддасе, чун истиқлолияту давлатдории миллӣ намерасанд. Дарк намекунанд, ки ҳифзи марзу буми Ватан, оромиву осудагии мардум ва ифтихор аз давлату миллати хеш барои ҳар инсони бонанг шарафу номуси ватандорӣ мебошад. Сабабҳои пайдоиш ва паҳн гардидани падидаҳои номатлуби номбурда дар он аст, ки ҷавонон аз маърифати ҳуқуқӣ бебаҳра буда, ҳатто пас аз таҳсил дар мактабҳои олӣ аз донишҳои арзишҳои худшиносии миллӣ маъсулияти ватандорӣ ва монанди он бенасиб мемонанд ва дар натиҷа ба гурӯҳҳои ифротгаро шомил мегарданд. Тайи солҳои охир падидаҳои номатлубу хатарзоҳоеро бо номи ифротгароӣ, терроризм, даҳшатафканӣ, зӯроварӣ, экстремизм, фундаметализм ном мебаранд, ки башариятро ором гузошта наметавонанд. Бесабаб нест, ки дар иртибот ба ин падидаи оламсӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз доштаанд: -Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар…
Яке аз падидаҳои номатлубе, ки метавонад бо пайомадҳои нохуши худ хатарҳои нав ба нав эҷод карда, боиси носуботии ҷамъият, халалдор гардидани зиндагии осоиштаи мардум гардад, ифротгароиву терроризм ва экстремизм мебошад. Зуҳуроти ин равандҳои созанда ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Ҳар як аъзои ҳамъиятро водор месозад, ки алайҳи ин вабои аср дастҷамъона муборизаи беамон бурда, қарзи инсониву шаҳрвандии худро дар назди Ватан иҷро намояд. Мутаассифона, дар мамлакати мо низ ҳолатҳои ба доми фиреби ТЭТ ҲНИ, ҷараёни террористии ваҳҳобия, салафия афтодани ҷавонони содаву раҳгумзада мушоҳида мегардад, ки ин ҳол сабабҳои худро дорад чун, пастии маърифати ҳуқуқӣ, содагиву камтаҷрибагӣ, ноогоҳӣ аз асли таълимоти дини ислом ва аз ин рe, бовар кардан ба тарuибу ташвиқоти душманони Ватану миллату дин мебошад. Аз байни ин гурeҳҳои ифротӣ фаъолияти ТЭТ ҲНИ, ки дар Ҳумҳурии Тоҷикистон расман мамнeъ эълон шудааст, барои амалӣ намудани ҳадафҳои нопоки худ динро чун ниқоб истифода бурда. аз пасттарину разилтарин корҳо ҳам бе-шармона истифода мебаранд, хавфноктарин мебошад. Зеро муболиғони ин ташкилоти террористӣ бо ваъдаҳои пучу бардурӯғ мафкураи қисми осебпазири xомеа, махсусан xавононро заҳролуд мекунанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъалаи басо ташвишовар аҳамияти аввалиндараҷа дода, ҳамеша огоҳ мекунанд, ки дар таълиму тарбияи xавонон эътибори хоса диҳем….
Омӯзгорони муҳтарам! Маълум аст, ки шараф ва масъулияти касбии Шумо дар мароми пешрафту бунёдкорию созандагиҳои бо ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта беш аз пеш боло меравад. Зеро шумо ташаккулдиҳандагони қобилияти зеҳнию ақлонии насли наврас мебошед. Сарвари давлат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ тамоми аҳли меҳнати соҳаи маорифро ҳидоят намудаанд, ки баробари ба афзалияти авввлиндараҷа додани давлат ба соҳаи маориф ва афзун гардидани ғамхориҳо ба аҳли соҳа сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардоранд. Инчунин назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонда, наврасону xҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии оҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиrқ ва риёзӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намоянд. Сол аз сол беҳтар гардидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи маориф бо таълиму тарбия фарогирии тамоми кӯдакону наврасони синну соли мактабӣ, вусъат ёфтани бунёди сохтмон ва таъмири муассисаҳои таълимӣ натиҷаи ғамхориҳои ӯeзафзуни давлату ҳукумат нисбат ба мактабу маориф аст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия низ баҳри амалӣ гардондани сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба такмили пояҳои моддию техникии муасссисаҳои соҳа, бо илму дониш ва касбу кор фаро…
Имрӯз дар Майдони Ғалабаи маркази ноҳияи Деваштич маросими гусели 120 нафар даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ баргузор гардид. Раиси ноҳия Сулаймон Зиёзода дар назди иштирокдорон баромад намуда, аз иқдоми ихтиёриён изҳори қаноатмандӣ кард. Ҳамзамон дар қайд намуд, ки хизмат ба Ватан қарзи ҳар як ҷавонмарди бонангу номус аст ва барои тарбияи чунин ҷавонони шуҷову ватандӯст имрӯза ба волидонашон миннатдории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро изҳор намуд. Инчунин аз номи волидайни даъватшавандагон Фируза Обломуродова, аз номи даъватшавандагон Некруз Муқумов ва аз номи афсарон ки айни ҳол дар хизмати ҳарбӣ қарор дорад Фарҳод Ҳимматов баромад намуда, аз шароити мусоид дар хизмати ҳарбӣ ва дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати сарбозону афсарон изҳори назар намуданд. Дар охир барои даъватшавандагон туҳфаҳои хотиравии Раиси ноҳия супорида шуд.