Шахси аз ҷиноят пинҳон шуда дастгир шуд.
Хабарҳо / 05.12.2020

Одинаев Маҳмурод Шарифович, соли таваллуд 01.03.1962, зода ва сокини шаҳри Ҳисор, ҷамоати деҳоти Ҳисор, 29 октябри соли 2020 соати 16:30 дақиқа дар якҷоягӣ бо собиқ ҳамсараш шаҳрванд Ризоева Меҳринигор Умаровна ва писараш Одинаев Ҳабибулло Маҳмуродович ба комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор ҳозир гардида, бо баҳонаи он, ки кормандони комиссариати ҳарбӣ ғайриқонунӣ ва беасос писари ӯ Одинаев Ҳоҷиакбар Маҳмуродовичро ба хизмати ҳарбӣ даъват кардаанд, дидаю дониста дар муддати тахминан 30-40 дақиқа тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, ба огоҳ намудани намояндагони ҳокимияти давлатӣ эътино накарда ин кирдорҳои ғайри қонунии худро худсарона идома дода, нисбати намояндагони ҳокимияти давлатӣ таҳдид, зӯроварӣ ва суханҳои қабеҳро раво дидааст.

Дар Пактиё бар асари таркиш 3 корманди Раёсати амнияти миллии Афғонистон кушта шуданд
Хабарҳо / 05.12.2020

ДУШАНБЕ, 04.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар шаҳри Гардези музофоти Пактиё бар асари таркиш на кам аз 3 корманди Раёсати амнияти миллии Афғонистон кушта ва 19 сокини осоишта маҷруҳ шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Тулуъ нюс» хабар медиҳад.