Шикаст натиҷаи як соли дуруғу фитнаи ПМТ
Хабарҳо / 22.09.2019

Як сол аст, ки наҳзатиҳои террорист бо таъсис додани ПМТ (эътилофи ҷинояткорони наҳзатӣ) дағдаға доранду воҳима мекунанд, ки гӯё муваффақияте ба даст оварда бошанд. Дар ҳамин ҷаласаи САҲА, ки айни ҳоло дар Варшава ҷараён дорад, низ аз номи ҳамин иттиҳоди дуруғини худ зиёд ҳарф мезананд ва мардумро боз бо дуруғпарокании худ гумраҳ карданианд. Дар асл ПМТ чист? ПМТ ин иттиҳоди чанд созмонеси дуруғинест, ки худи раҳбарияти наҳзатӣ пештар ташкил карда буданд ва баъд онҳоро гӯё муттаҳид карданд. Ин такрори ҳамон ИНОТ-и солҳои навадум аст, ки раҳбарияти собиқи наҳзатӣ ташкил карда, чанд ташкилоти дигарро дар худ фуру бурда буд ва бар зидди давлату миллати Тоҷикистон меҷангид. Имрӯз ҳам наҳзатиҳо ҳамон корро мекунанд, танҳо аслиҳа надоранд ва ниҳоят заифанду ба ғайр аз туҳматзанию бадномсозии давлату миллат кори дигаре аз дасташон намеояд.

Туйи бедумбраи Шабнам Худойдодова бо хориҷии наҳзатӣ Свердлов
Хабарҳо / 22.09.2019

Дар расму оини тоҷик яке аз вазифаҳои асосии зан, тарбияи хуб додан ба фарзандон ба шумор меравад. Ва барои ҳар як зан боиси ифтихор аст, ки бо обрӯ бо марди тоҷик хонадор шуда зиндагии осудае барпо намояд. Имрӯзҳо ба назар мерасад, ки баъзе аз занҳои тоҷик бо шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ ба шавҳар мебароянд. Ба монанди Шабнам Худойдодова, ки ин қадар мардҳои хуш қаду қомати тоҷикро ба назар нагирифта бо пирамарди хориҷӣ Стив Свердлов ба шавҳар баромадааст. Аз ин бар меояд, ки ягон шахсе дар Тоҷикистон пайдо нашуд, ки Худойдодоваро қонеъ кунад. Ин боис гардид, ки ӯ даст ба дасти наҳзатиҳо шуда сарсону саргардон гардад. Ва ҳоло бошад вазифаи асосиаш аз наҳзатиҳо ва Свердлов маблағҳои муфт гирифта талаботҳои онҳоро қонеъ кардан мебошад. Сабаби ба шавҳар баромаданаш бо Свердлов ва ҳамкориаш бо наҳзат пул ба ҳисоб меравад.

Орзуев савобгири «хоҷагони хориҷӣ» дар САҲА
Хабарҳо / 22.09.2019

Дирӯз матлабе аз ҷониби сомонаи ҳалқабаргӯши ТЭТ ҲНИ “ахбор.ком” зери унвони “Бархурди нав байни намояндаи ҳукумат ва оппозитсияи тоҷик дар Варшава” ба нашр расид. Дар ин матлаби иғвоангез қайд шудааст, ки гӯё рӯзи 20 сентябр дар иҷлосияи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар шаҳри Варшава, пойтахти Лаҳистон намояндаи ҳайъати ҳукумати Тоҷикистон чанд дафъа суханронии намояндаи мухолифин Сулаймон Орзуевро бурид ва изҳор дошт, ки ӯ аз номи созмоне, ки намояндагӣ мекунад, суханронӣ надорад.