1 ноябри соли 2024 дар ноҳияи Деваштич бо истифода аз ҳавои мусоид баҳри вусъат бахшидан ба корҳои ободониву тозагии муҳити зист ва сазовор истиқбол намудани ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳашари умуминоҳиявӣ баргузор гардид. Дар ҳашари умуминоҳиявӣ кормандони касбу кори гуногун ва сокинони деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич, ки дар ҳудуди шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Бӯстон-Чаноқ ҷойгир мебошанд бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ баҳри ҳифзи муҳити зист, вусъати корҳои ободонӣ саҳми босазои худро гузошта, ду шафати шоҳроҳи мазкур ва заминҳои хоҷагиҳои деҳқонию кишоварзиро ба кишти тирамоҳӣ омода намуда аз алафҳои бегона тоза карда, ниҳолҳои хушкшударо решакан намуда, ҳамзамон дарахтони қади роҳро сафед карда ба тартиб дароварданд. Бояд қайд намуд, ки ҳифз намудани табиат, тозаю озод нигоҳ доштани гирду атрофи маҳалли зисти худ ба инсоният вобастагии комил дошта, пос доштани табиату манбаъҳои он қарзи шаҳрвандии ҳар яке мо ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, таъкид гардид, ки ҳар як сокини ноҳия бояд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ баҳри ободу зебо нигоҳ доштани ҳар як гӯшаи диёри азизамон аз хонаву дари худ, кӯчаю маҳалла ва деҳа сар карда, фарҳанг ва тамаддуни оламгири тоҷиконро ҳифзу гиромӣ нигоҳ доранд ва баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузор бошанд.
Ҳамдиёрони азиз! Муҳтарам аъзоёни иттифоқи касаба! Бо камоли эҳтиром ва як ҷахон таманниёти нек ҳамаи шумоёнро ба муносибати Рӯзи иттифоқҳои касаба табрику муборакбод менамоям. Бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили Рӯзи иттифоқҳои касаба ва ҷашнгирии он дар ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудааст. Бояд қайд намуд, ки 24 октябри соли 2019 Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуда, зикр намуданд, ки: «Мулоқоти мо бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони ташкилоти калонтарину бонуфузи ҷамъиятӣ — Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар айёми вусъати раванди созандагиву бунёдкорӣ ва рушди босуботи Ватани азизамон баргузор мегардад.» Мулоқоти мазкур, на танҳо ба таҳкими ҳаракати Иттифоқҳои касаба дар Тоҷикистони соҳибистиқлол асос гузошт, балки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастуру ҳидоятҳои хеш дурнамои ҳаракати Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистонро барои солҳои минбаъда муайян намуд. Пешвои миллат зимни мулоқот дастур дод, ки дар роҳи ноил шудан ба ин дастовардҳо дар баробари сохторҳои ҳокимияти давлатӣ иттифоқҳои касаба низ саҳмгузор буда, онҳо ба ҳайси созмони оммавии мардумӣ масъулияти ширкат дар идоракунии ҷомеа, тарбияи кадрҳо, ҳалли масъалаҳои мубрами ҳаёт ва таъмини адолати иҷтимоӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти кормандон дар соҳаҳои…
Имрӯзҳо дар саросари мамлакат бо истифода аз боду ҳавои мусоид шудгору кишти тирамоҳӣ бо маром идома дошта, деҳқонон ният доранд, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат шудгору киштро ба сомон расонанд. Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Девашитич низ барои таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ ва танзими нархҳо дар бозорҳои истеъмолӣ кишти тирамоҳӣ бомаром идома дорад. Имрӯз, 22 октябри соли равон Раиси ноҳия муҳтарам Ашуралӣ Ҷалилзода аз рафти кишти тирамоҳӣ дар Ҷамоати деҳоти Яхтан боздид ба амал овард. Зимни боздид ба раиси ноҳия иттилоъ дода шуд, ки тибқи маъмумотҳои фаврӣ дар Ҷамоати деҳоти Яхтан 2300 га кишти тирамоҳӣ гузаронида шудааст. Мувофиқи маълумоти фаврии Раёсати кишоварзии ноҳия оид ба рафти корҳои саҳроӣ дар хоҷагиҳои кишоварзии Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба санаи 22.10.2024 8314га кишти тирамоҳӣ гузаронида шудааст, кишти тирамоҳӣ дар дигар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бомаром идома дорад.
11 октябри соли 2024 дар асоси нақшаи тасдиқкардашудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич таҳти раёсати Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода маҷлиси фаъолони ноҳия оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар нӯҳ моҳи соли 2024 баргузор гардид. Дар маҷлиси фаъолон намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти далатии вилояти Суғд, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Бахтиёр Исматзода, муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзу ҳуқуқ, мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, роҳбарони муассисаҳои таълимии ноҳия, раисони шӯрои маҳаллаҳо, сардорони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва имомхатибон иштирок доштанд. Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода ҷаласаро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки сокинони меҳнатқарини ноҳияи Деваштич бо рўҳу илҳоми тоза аз ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бо дастовардҳои шоиста ҷамъбаст намудани соли барои миллату давлатамон таърихӣ саъйу талош меварзанд. – Сокинони меҳнатқарии ноҳия дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯҳу илҳоми тоза аз ҳидоятҳои ҳадафмандонаи Ҷаноби Олӣ, ки дар суханрониҳояшон ҳангоми мулоқот бо сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят баён доштанд, ҷиҳати бо дастовезҳои муносиб таҷлил…
Тавре маълум аст, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамасола якшанбеи аввали моҳи октябр иди касбии омӯзгорон таҷлил карда мешавад. Дар робита Раиси ноҳия муҳтарам Ашуралӣ Ҷалилзода дар шаҳраки Ғончӣ чанде аз собиқадорони соҳаи маорифро аёдат кард. Раиси ноҳия аз ҷумла Маъруф Орипов – собиқ омӯзгори фанни математика, Гавҳар Саломова – собиқ омӯзгори синфҳои ибтидоӣ, Муборак Маърупова – собиқ омӯзгори синфҳои ибтидоӣ, аёдат намуда, онҳоро бо иди касбиашон табрик гуфт. Таъкид карда шуд, ки нақш ва саҳми омӯзгорон дар таълиму тарбияи насли наврасу ояндасоз ва дар руҳияи ватандустиву меҳнатдӯстӣ тарбия намудани онҳо назаррас аст. Ҷоннисориву азхудгузаштанҳои омӯзгорон аст, ки инсониятро ба сӯи ояндаи нек раҳнамоӣ месозад ва ҳамин муаллимонанд, ки чароғи илму маърифатро фурӯзон нигоҳ медоранд. Раиси ноҳия муҳтарам Ашуралӣ Ҷалилзода иброз дошт, ки дар пайравӣ аз ташаббусҳои маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия ҷиҳати баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор, сифати таълиму тарбия ва таҳкими заминаҳои моддиву техникӣ, инчунин беҳбудии шароити моддиву маънавии муассисаҳои таълимӣ тадбирҳои муассирро роҳандозӣ мекунад. Ҳамасола ҷудо намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, ҳавасмандсозии омӯзгорони пешраву навовар, таъсиси ҷоизаҳои Раиси вилоят барои “Беҳтарин муассисаи таълимӣ” “Беҳтарин муассисаҳои таълимии томактабӣ”, роҳхати ройгони омӯзгорони пешқадам ба осоишгоҳ баёнгари дастгириҳои…
Ҳамасола дар саросари кишвари азизамон дар ҳафтаи авалли моҳи октябр – Рӯзи забони давлатӣ ва Иди касбии омӯзгорон дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ таҷлил карда мешавад. Ба ин рӯзи муқаддас санаи 4 октябри соли равон дар Қасри фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии ноҳия бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва Иди касбии омӯзгорон таҷлил гардид. Дар чорабинии мазкур намояндаи Раёсати маорифи вилояти Суғд Зулфия Нурматова, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзу ҳуқуқ, мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо ва омӯзгорону хонандагон иштирок намуданд. Раиси ноҳия муҳтрам Ашуралӣ Ҷалилзода дар баромади худ, кулли омӯзгорон ва иштирокчиёни чорабиниро бо Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иди касбии омӯзгорон самимона табрику муборакбод намуданд. – Таҷлили имсолаи Рӯзи забони давлатӣ ва Иди касбии омӯзгорон ба худ шукӯҳу шаҳомати хосаро доро буда, дар соли ҷашни таърихии давлату миллат – 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор гардида истодааст. Бояд қайд намуд, ки Рӯзи забон ва Иди касбии омӯзгорон ин ду калимаи муҳим поягузори асолати миллӣ ва шоҳсутуни маърифату фарҳанги халқи тоҷик маҳсуб ёфта, бо ҳамдигар иртиботи зич доранд, зеро миллати тоҷик бо фарҳанг ва тамаддуни бисёрсолаи худ ифтихор дорад ва ин ҳама арзишҳои фарҳангӣ…
Ҳамдиёрони азиз! Омӯзгорони арҷманд! Рӯзи забони давлатӣ ва иди касбии омӯзгорон поягузори асолати миллӣ ва шоҳсутуни маърифату фарҳанги халқи тоҷик маҳсуб ёфта, ба ҳамдигар алоқаи зич дорад. Бояд қайд намуд, ки Рӯзи забон ва Иди касбии омӯзгорон ин ду калимаи муҳим поягузори асолати миллӣ ва шоҳсутуни маърифату фарҳанги халқи тоҷик маҳсуб ёфта, бо ҳамдигар иртиботи зич доранд, зеро миллати тоҷик бо фарҳанг ва тамаддуни бисёрсолаи худ ифтихор дорад ва ин ҳама арзишҳои фарҳангӣ то замони мо маҳз тавассути забон ба ёдгор монда, ба воситаи забон шинохта шудаанд. Чӣ хеле ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: “Забони адабии тоҷик дар ҷараёни ташаккул ва таҳаввули худ роҳи ниҳоят пурфоҷиаро тай намуда, аз санҷишу имтиҳонҳои бузург гузаштааст, заҳматҳои бедареғ, мероси гаронбаҳо ва корномаҳои беназири фарзандони фарзонааш дар шакли зебо бо захираҳои ғаниву рангин бароямон мерос мондааст. Забон бузургтарин ва гӯётарин поя, шиноснома ва нишоне барои халқу миллат аст”. Аз ин рӯ, маҳз забони тоҷикӣ аз вуҷуд доштани миллати тоҷик дарак медиҳад ва ҳастии миллати тоҷикро дар олам бо номи Тоҷикистон муаррифӣ менамояд, зеро бо ин забон санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва осори илимиву адабии халқҳои ҷаҳон тарҷума мешаванд, созишномаҳо ва қарордодҳои муҳими байналмилалӣ таҳия…
Санаи 25-уми сентябр дар деҳаи Обиборики Ҷамоати деҳоти Далёни Боло маросими супоридани бинои аз нав барқароркардашуда баргузор гардид. Он ба муносибати истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷиистон бахшида шуда, бо иштироки Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода ба истифода дода шуд. Бунгоҳи саломатии деҳаи Обиборик аз ҳисоби шахсони саховатпешаю соҳибкорони маҳаллӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ мутобиқ ба талаботҳои замони муосир таъмиру таҷдид гардида, фаъолияти он мушкилии сокинони деҳаро осон намуд. Бояд зикр намуд, ки барои бунёди бинои мазкур саҳми соҳибкорон, муҳочирони меҳнатӣ ва бародарон Маҳмудовҳо, Ҷумъаев Ҳалим, Яҳёев Яҳё, Охунов Облоқул, Шокиров Наимҷон хеле назаррас буда, дар идома барои заҳмату меҳнатҳои шахсони номбурда аз ҷониби Раиси ноҳия сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич тақдим гардид. Дар ноҳияи Деваштич даҳҳо биноҳои таъиноти иҷтимоидошта бунёд гардид, ки он заминаи асосӣ барои пешрафти ноҳия мансуб буда, чунин ободкориҳо на танҳо барои рушди деҳаю ноҳия балки барои пешрафти кишвар такони ҷиддӣ мебахшад.
Моҳи сентябри соли равон Раиси ноҳияи Деваштич муҳтарам Ашуралӣ Ҷалилзода дар деҳаи Қалъаи Дӯсти Ҷамоати деҳоти Ваҳдат аз ҷамъоварии ҳосили картошка дидан намуданд. Кишоварзони деҳаи мазкур баҳри таъмини амнияти озуқавории кишвар ва фаровонии бозорҳои маҳаллӣ бо картошка ҳаматарафа кӯшиш намуда, бо истифода аз тухмиҳои босифат дар қитъаи замин кишти барвақтии картошкаро ба роҳ монда, ҳосили хуб ба даст оварданд. Зимни суҳбат Раиси ноҳия бо ёдоварӣ аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои истифодаи самараноки замин тавсияҳои судманд дод. Таъкид гардид, ки картошкаи дар ин деҳа истеҳсолшаванда дар мамлакат серхаридор буда, саҳми деҳқонони минтақа дар таъмини бозори дохилӣ бо картошка назаррас аст. Бояд таъкид кард, ки ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун соҳаи даромаднок дар ноҳияи Деваштич диқати махсус дода мешавад. Деваштич ноҳияи аграрӣ буда, иқлими он барои парвариши тамоми намуди зироатҳо мувофиқ аст. Деҳқонони заркори ноҳия дар самти зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз ҳисоби ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои лалмӣ ва боир ҷидду ҷаҳд намуда истодаанд.
Санаи 23 сентябри соли равон Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Деваштич ташриф овард. Вазири кишоварзиро раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода ва роҳбарону масъулони сохаи кишоварзӣ истиқбол гирифтанд. Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода бо ҳамроҳии Вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода аз фаъолият ва ҷамъоварии картошка дар хоҷагиҳои деҳқонӣ шинос шуда ба кишоварзон маслиҳату тавсияҳо дод. То соҳаи кишоварзӣ рушд карда, барои таъмини бозорҳои дохилию хориҷӣ ва истеҳсоли маҳсулотҳои босифат мусоидат намояд. Мақсад аз ташрифи Вазири кишоварзӣ дидан намудан аз маҳсулотҳои хоҷагии кишоварзӣ ва сӯҳбат намудан бо кишоварзони ноҳия мебошад.