Доғи сиёҳ дар таърихи миллат Хотираи неки устод Осимӣ дар қалбҳои мо боқист

Яке аз амалҳои нангини ташкилоти террористии наҳзати исломӣ дар солҳои навадуми асри гузашта кушта шудани шумораи зиёди олимону донишмандон ва умуман зиёиён буд. Дар хусуси чунин ҷиноятҳои мудҳиши наҳзатиҳо филмҳои мустанад ва гузоришҳои телевизионӣ ҳам намоиш дода шудаанд, ки дар онҳо шоҳидони он воқеаҳои хунин суханронӣ карда, террорҳою кушторҳои наҳзатиҳоро тасдиқ намудаанд. Мақсади асосии роҳбарияти ташкилоти террористию экстремистии наҳзатӣ аз куштори равшанфикрони тоҷик, дар ҷомеа ба вуҷуд овардани фазои тарсу ноумедӣ ва даҳшат буд. Бо ин гуна амалҳои палидона онҳо мехостанд вазъияти кишварро ноором сохта, ҳадафҳои шуми худ, яъне бо роҳи зуроварӣ ғасб кардани қудрати сиёсӣ ва тағйир додани сохти давлатдориро амалӣ кунанд. Мутаассифона, дар он замон аз дасти қотилони наҳзатӣ яке аз беҳтарин фарзандони миллати тоҷик – файласуфи забардаст, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон, арбоби шоистаи илми тоҷик, устод Муҳаммад Осимӣ ҳам ба қатл расонда шудааст.

Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат)

Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) Муқаддима Дар таърихи навтарини миллати тоҷик Паёми Роҳбари давлат – маҷмуи таҳлил, арзёбӣ, як навъ ҳисобот, инчунин, натиҷагирӣ аз фаъолияти ҳукумат ва дар ин асос, ироаи тасмимҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва нақшаҳои ҳаётан муҳимми мақомоти олии мамлакат мебошад. Нуқтаи архимедӣ – такягоҳии ҳуҷҷат баҳогузории кори ҳукумат дар соҳаи иқтисод аст. Вобаста ба ин, дар Паём, дар робита бо равандҳои бузурги ҷаҳонишавӣ таъкид мегардад: «Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд» (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ». –Душанбе. Дониш, 2023. – С. 23)

Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат)

Муқаддима Дар таърихи навтарини миллати тоҷик Паёми Роҳбари давлат – маҷмуи таҳлил, арзёбӣ, як навъ ҳисобот, инчунин, натиҷагирӣ аз фаъолияти ҳукумат ва дар ин асос, ироаи тасмимҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва нақшаҳои ҳаётан муҳимми мақомоти олии мамлакат мебошад.

Изҳороти Маркази матбуоти Қушунҳои Сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДУШАНБЕ, 16.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Маркази матбуоти Қушунҳои Сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки бархилофи созишномаҳои қаблан ба имзорасида, ҷониби Қирғизистон соати 18:45-и санаи 16-уми сентябри соли 2019 дар ҳудуди майдони варзишии маҳаллаи Баҳори ҷамоати деҳоти Овчи- Қалъачаи ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд, сохтмони иншооти номаълумро роҳандозӣ карданд. Сокинони маҳаллаи Баҳор ба ин амали  ғайриқонунии шаҳрвандони ҶҚ вокуниш нишон дода, аз онҳо даъват намуданд, ки корҳои сохтмониро қатъ намоянд. Ҷониби қирғиз бошад хилофи созишномаҳои дуҷониба, ки аломатгузориро дар минтақаҳои баҳснок мушаххас мекунад, амал намуда, ба маҳалли ҳодиса қувваҳои ҷангии иловагиро иборат аз 250-300 нафар сафарбар карданд. Сипас, онҳо ба иғвогарӣ даст зада, соати 19:00 ба самти  сокинони бесилоҳи маҳаллаи Баҳор  тир кушоданд, ки дар натиҷа якчанд нафар шаҳрвандони ҶТ  маҷруҳ шуданд. Ин амали  муғризонаи  сарҳадбонони ҶҚ нишонаи кӯшишҳои ба таври сунъӣ ноором кардани вазъият дар хати сарҳади давлатӣ арзёбӣ мегардад, ки метавонад  вокуниши ҷавобиро аз ҷониби сокинони наздисарҳадӣ дар ин минтақаи ҳассос барангезад. Айни замон, намояндагони мақомоти дахлдори ду кишвар дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, барои муътадил сохтани вазъият, корҳои фаҳмондадеҳиро дар байни аҳолӣ бурда истодаанд. Сарчашма: https://khovar.tj  Маркази матбуоти Қушунҳои Сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қаюмӣ Атахон Абдуллозода
Роҳбарият / 24.09.2018

Қаюмӣ Атахон Абдуллозода   аз мохи апрели соли 2015 дар мансаби мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Деваштич кор мекунад Соли таваллуд 12 марти соли 1969 Ҷои таваллуд ноҳияи Деваштич Миллат тоҷик Таҳсилот олӣ соли 1992, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б.Ғафуровро (рӯзона) хатм кардааст Ихтисос омӯзгори синфҳои ибтидоӣ Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, ӯзбекӣ Вазъи оилавӣ оиладор Суроға деҳаи Дархон, ноҳияи Деваштич   Кор ва фаъолияти собиқа: Солҳои 1987-1989- Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи собик Иттиҳоди Шӯравӣ Солҳои 1992-1997- Омузгори МТМУ № 18-и ба номи Абдулло Каюми ноҳияи Деваштич Солҳои 1997-2002- Ҷонишини директории МТМУ №18-и ба номи Абдулло Каюми ноҳияи Деваштич Солҳои 2002-2005- Раиси хочагии деҳқонии ба номи А.Абдураҳмонов-и нохияи Деваштич Солҳои 2005-2008- Муовини раиси Ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонии нохияи Деваштич Солҳои 2008-2010- Мудири шуъбаи рушди ичтимои ва робита бо чомеаи дастгохи раиси нохияи Деваштич Солҳои 2010-2013- Мудири шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Деваштич Аз апрели 2013 то марти 2015 Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Деваштич Аз апрели 2015 то ҳоло Мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Деваштич