Ҳамдиёрони азиз! Дар таърихи давлати соқибистиқлоламон ҳамасола санаи 6-уми ноябр ҳамчун Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана таҷлил мегардад, ки имсол мо дар фазои озодиву истиқлоли Ватани маҳбубуамон 30-юмин солгарди ин хуҷҷати муҳими ҳуқуқиро истиқбол мегирем. Ба ифтихори таҷлили ин санаи таърихӣ сокинони шарафманди ноҳияи Деваштичро табрику муборакбод намуда, ба хонадони ҳар яки Шумо баракату осудагӣ ба Ватани маҳбубамон сулҳу осоиштагӣ ва пешрафту ободиро орзу менамоям. Солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи дигар санаҳои тақдирсози халқу миллат воқеан ҳам мавқеи хосаи сиёсӣ ва иҷтимоию маънавиро дорост. Мардуми сарбаланду меҳнатқарини ноҳияи мо низ бо саодатмандию сарфарозӣ, ифтихор аз диёри маҳбуб ва бо шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандонаю одилонаи Пешвои муаззами миллат, фазои орому осоиштаи кишвар, устувории пояҳои давлатдорӣ ин ҷашнро бо фараҳмандӣ истиқбол менамоянд. Бояд қайд намуд, ки Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ, шаҳодатномаи миллат, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро арзиши олӣ эълон дошта, риоя ва эҳтироми онро меҳвари мақсад ва мазмуни фаъолияти тамоми мақомоти давлатӣ қарор додааст ва ин арзиши конститутсионӣ нигоҳи башардӯстонаи давлатро нисбат ба волоияти ҳуқуқу озодиҳои инсон аз дигар падидаҳо инъикос менамояд. Ба миллати сарбаланди тоҷик дар замони соқибистиқлолӣ муяссар гардид, ки ба ивази талошу кӯшишҳои ватансозона ба чандин дастовардҳои муҳим ва муқаддас ноил гардад, ки…
Ҳамдиёрони азиз! Муҳтарам аъзоёни иттифоқи касаба! Бо камоли эҳтиром ва як ҷахон таманниёти нек ҳамаи шумоёнро ба муносибати Рӯзи иттифоқҳои касаба табрику муборакбод менамоям. Бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили Рӯзи иттифоқҳои касаба ва ҷашнгирии он дар ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудааст. Бояд қайд намуд, ки 24 октябри соли 2019 Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуда, зикр намуданд, ки: «Мулоқоти мо бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони ташкилоти калонтарину бонуфузи ҷамъиятӣ — Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар айёми вусъати раванди созандагиву бунёдкорӣ ва рушди босуботи Ватани азизамон баргузор мегардад.» Мулоқоти мазкур, на танҳо ба таҳкими ҳаракати Иттифоқҳои касаба дар Тоҷикистони соҳибистиқлол асос гузошт, балки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастуру ҳидоятҳои хеш дурнамои ҳаракати Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистонро барои солҳои минбаъда муайян намуд. Пешвои миллат зимни мулоқот дастур дод, ки дар роҳи ноил шудан ба ин дастовардҳо дар баробари сохторҳои ҳокимияти давлатӣ иттифоқҳои касаба низ саҳмгузор буда, онҳо ба ҳайси созмони оммавии мардумӣ масъулияти ширкат дар идоракунии ҷомеа, тарбияи кадрҳо, ҳалли масъалаҳои мубрами ҳаёт ва таъмини адолати иҷтимоӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти кормандон дар соҳаҳои…
Ҳамдиёрони азиз! Мо дар арафаи ҷашни Истиқлол қарор дорем, аз ин рӯ кулли сокинони меҳнатқарини ноҳияи Деваштичро бо 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, дар хонадони ҳар яки Шумо – ҳамдиёрони азиз, файзу баракат ва шодмониву нишоти рӯзгор хоҳонам. Барои кулли сокинони кишвари соҳибистиқлоли мо Истиқлолият нишони барҷастаи пойдории давлат, рамзи асолату ҳуввият, мазҳари ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Дар ҳаёти пурифтихори худ тамоми сокинони кишвар, аз ҷумла кулли мардуми ноҳияи Деваштич ифтихор аз он доранд, ки сиву се сол қабл, нахустин хиштҳои девори Истиқлоли давлати воқеӣ ва давлатдории миллии хеш гузошта шудааст ва бо шарофати мустақилият ва сиёсати хирадмандона, дурандешонаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз мо соҳиби муқаддасоти миллӣ гардидем. Бояд қайд намуд, ки Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору андешаҳои созанда, азму иродаи фидокоронаи расидан ба ормонҳои миллиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид. Истиқлолият дар як муддати кутоҳ ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Имрӯз мардуми шарафманди нохия дар қатори дигар сокинони кишвари биҳиштосои азизамон, ҷашни бузургу таърихӣ ва муқаддаси 33 –…