Аёдати идонаи сарбозону афсарон.

09.05.2019

print

Бахшида ба таҷлили сазоворонаи Рӯзи Ғалаба  дар қисмҳои ҳарбии 0214-и Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва 04533-и Қушунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи дар ноҳияи Деваштич буда, бо иштироки Раиси ноҳия Зиёзода Сулаймон ва роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи дар ноҳиябуда  аёдати сарбозону афсарон  баргузор гардид. Раиси ноҳия аз вазъи воқеии ҳардуи қисмҳои низомӣ аз наздик дидан намуд.

Дар чорабинӣ раиси  ноҳия Зиёзода Сулаймон кулли сарбозону афсарон ва ҳайати шахсиро ба Рӯзи Ғалаба муборакбод намуд. Аз ҷумла қайд карда шуд, ки Шумо ҷавонписарон дарси мардонагиву шуҷоатро дар айёми хизмати ҳарбӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт-дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани Ватанро аз худ менамоед. Боиси ифтихор аст, ки имрӯз ҷавонони Шумо худ дарк намудаанд, ки хизмат ба Ватан муҳимтарин қазри шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад. ҳамасола сафи ихтиёриён зиёд гардидааст.

Инчунин худи ҳаминрӯз бо иштироки волидони сарбозон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ савгандёдкунии наваскарон низ доир шуд. Барои сарбозону афсарон барномаи фарҳангӣ ва дастурхони идона ороста шуд.

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code