ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ НОҲИЯ МУҲТАРАМ АШУРАЛӢ ҶАЛИЛЗОДА БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛИ 2024-2025

31.08.2024

print

Устодон ва омӯзгорони гиромиқадр!

Хонандагони азиз!

Имрӯз дар қаламрави кишвари соҳибистиқлоламон – Тоҷикистони азиз-Рӯзи дониш бо як шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Дар ин лаҳзаҳои идона, ки ҳар яки мо дар оғози Соли нави хониш ва дар остонаи таҷлили 33-юмин солгарди  Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, ҳамаи Шуморо бо ин санаҳои муборак самимона табрик намуда, ба хонандагон дар фатҳи қуллаҳои дониш, ба устодону омузгорон дар таълиму тарбияи насли наврас дастоварду комёбиҳо таманно менамоям.

Бояд қайд намуд, ки Давлату Ҳукумат бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илму фарҳанг ва маънавиёти ҷомеа, махсусан ба таълиму тарбияи насли наврас эътибори аввалиндараҷа дода, барои пешрафти мактабу маориф ва тайёр намудани мутахассисони соҳибдонишу малакаи баланди касбӣ ҳамаҷониба мусоидат менамояд.

Пешвои муаззами миллат ба илму маориф аҳамияти хоса дода, аз ҷумла таъкид намудаанд, ки “Ояндаи миллат аз фаъолияти омузгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Дар хотир бояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд”.

Таҷрибаҳо шаҳодат медиҳанд, ки  ҳамасола соли нави таҳсил, ки бо дарси сулҳ оғоз мегардад, ҳар яки моро водор месозад, ки доир бо моҳияти сулҳ, аҳамияти суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ дар шароити кунунӣ бори дигар андеша ронем. Вобаста ба ин,  насли наврас ва ҷавононро бояд дар руҳияи ҳисси баланди миллӣ, ватандустӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбия намоем.

Боиси ифтихор аст, ки дар оғози соли нави таҳсил дар ноҳия дар асоси нақшаи алоҳида якчанд биноҳои нави замонавии муассисаҳои таълимӣ, тарбиявӣ, синфхонаҳои иловагӣ, иншоотҳои соҳаи варзиш бунёд гардида, биноҳои асосӣ ва ёрирасони даҳҳо муассисаҳои таълимӣ таъмиру барқарорсозӣ карда шуданд, ки ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия мусоидат хоҳад намуд.

Бояд қайд намуд, ки соли ҷорӣ 17 нафар писарону духтарони лаёқатманди ноҳия тибқи квотаи Президентӣ ва 79 нафар ба донишгоҳҳои берун аз кишвар ҳамчун донишҷӯ дохил гардиданд. Тавассути Маркази миллии тестӣ аз шумори умумии 1870 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳия 1085 нафар хонандагон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҳамчун довталаб ҳуҷҷат супорида, соҳиби номи пурифтихори донишҷӯ гардиданд.

Имруз падару модарони азизро зарур аст, ба масъалаи таълиму тарбияи фарзандон ҷиддӣ муносибат намуда, барои босаводу соҳибмаърифат гардидани онҳо тамоми шароитҳоро фароҳам оваранд, то ки фарзандони мо дар оянда номбардори Ватани азизи худ гарданд.

Бори дигар ҳамаи Шумоёнро бо фарорасии соли нави таҳсил, Рӯзи дониш самимона табрик гуфта, тансиҳатӣ, руҳи қавию азми матин, фатҳи қуллаҳои баланди илму дониш ва комёбиҳои беназирро таманно менамоям.

Рӯзи дониш, фархунда бод омӯзгорону хонандагони азиз!

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code