Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти занбӯрпарварони ноҳияи Деваштич

08.07.2020

print
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рӯзи 7 июл зимни сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич бо фаъолияти занбӯрпарварони ноҳия шинос гардид.

Занбӯриасалпарварӣ яке аз бахшҳои даромадноки хоҷагии қишлоқ маҳсуб ёфта, солҳои ахир дар вилоят барои рушди соҳа таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида истодааст.

Айни замон дар вилоят 63 ҳазор оилаи занбӯри асал мавҷуд буда, дар ояндаи наздик тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то ба 100 ҳазор расонида мешавад.

Аснои шиносоӣ таъкид карда шуд, ки иқлими ноҳияи Деваштич барои занбӯриасалпарварӣ мусоид буда, дар ноҳия 1656 оилаи занбӯри асал парвариш меёбад. Бо назардошти он, ки қисми зиёди ҷумҳурӣ кӯҳсор  аст, захираи зиёди растаниҳои асалдиҳанда имкон медиҳад, ки асали аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол гардад.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳини суҳбат бо занбӯриасалпарварон барои зиёд намудани оилаи занбӯри асал, афзун намудани ҳаҷми истеҳсолот ва банду басти он тавсияҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code