29 январ дар шаҳраки Ғончии ноҳияи Деваштич ҷашни Сада бо риояи суннатҳои аҷдодӣ ва шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич хабар доданд, дар ҷашнгоҳ намоиши маҳсулоти хоҷагиҳои деҳқонӣ, техникаҳои кишоварзӣ, созҳои миллӣ, навъҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ, маҳорати пазандагони моҳир, навъҳои таомҳои суннатӣ, порчаҳои атласу адрас, зардӯзӣ, гулдӯзӣ, намудҳои гуногуни хӯроку хӯришҳои миллӣ ва маҳсули дасти занони ҳунарманд ба маърази тамошо гузошта шуд. Дар ҷашни Сада, ки асосан иди кишоварзӣ ва омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ мебошад, кишоварзон дар маркази ноҳия ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ ташкил намуда, бо нархҳои нисбат ба бозор арзон ба фурӯш бароварданд. Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода иброз намуд, ки таърихи ҷашни Сада, дастовардҳои кишоварзони ноҳия, аҳамияти зиёд намудани майдони заминҳои корам ва баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳо ба иҷрои ҳадафи стратегии мамлакат- таъмини амнияти ғизоӣ равона гардидааст. Сада аз қадимтарин ҷашнҳои мардуми тоҷик буда, бо шарофати истиқлолияти давлатӣ аз нав эҳё гардид ва ҳамасола бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад. Дар замони Истиқлоли давлатӣ бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи ду ҷашни бузурги миллӣ – Наврӯз ва Меҳргон ҷашни Сада низ аз нав эҳё ва барқарор гардид. Тавре Пешвои миллат иброз намудаанд: «Бо шарофати…