ДАР НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ ИДИ ҚУРБОН ТАҶЛИЛ ГАРДИД

Субҳи 6 июн мардуми сарбаланди ноҳияи Деваштич бо шукргузорӣ аз сулҳу амният ва оромию осоиштагии кишвар дар масҷиди ҷомеаи ноҳия намози Иди Қурбонро хонданд. Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Бахтиёр Исматзода ба масҷиди ҷомеи марказии Абӯбакри Сиддиқи ноҳия ташриф оварда, кулли сокинони ноҳияро бо муносибати Иди Қурбон табрик намуд. Зимни суханронӣ Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода таъкид дошт, ки иди Қурбон ҳамасола дар кишвари соҳибистиқлоли мо бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шарофати озодиву соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон таҷлил мегардад. Яке аз фазилатҳои неки иди Қурбон ин анҷом додани амалҳои неку писандида, дастгирии якдигар, таҳаммулпазирӣ, ба ятимону маъюбон, камбизоатону дармондагон ва муҳтоҷон кўмак намудан волотарин арзишҳои дини мубини ислом ва беҳтарин фазилатҳои инсонӣ ба ҳисоб меравад. Ҳар касе, ки бештар некӣ намуда, бахшишу эҳсон мекунад ва дасти ятимону бепарасторонро мегирад, бешак рисолати олии инсониро ба ҷо меоварад. Бинобар ин, чунонки Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, моро зарур аст, ки беш аз ҳар вақти дигар сарҷамъу муттаҳид бошем, аҳлонаву софдилона меҳнат кунем, муҳимтар аз ҳама, дар чунин шароит ҳимматбаланд бошем, амалҳои…

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ АШУРАЛӢ ҶАЛИЛЗОДА БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ ҚУРБОН
Хабарҳо / 06.06.2025

Ҳамдиёрони азиз! Боиси сарфарозист, ки ҳамасола яке аз суннатҳои волою арзишманди мусулмонон ҷашни мубораки Иди Қурбон дар саросари кишвари азизамон таҷлил карда мешавад. Мардум бо арҷгузории Иди шарифи Қурбон аз даргоҳи илоҳӣ руҳи гузаштагони худро бо дуову дуруд ёд мекунанд. Бояд қайд намуд, ки дар ин рўз талқини арзишҳои инсондўстиву инсонпарварӣ, дастгирии ятимону маъюбон, беморону пиронсолон, аёдати хешу ақрабо, поси хотири гузаштагон, изҳори ҳамдардӣ ба азодорон ва хайру саховат ба дармондагону эҳтиёҷмандон амалӣ мегардад, ки аз сифатҳои беҳтарини инсонӣ мебошад. Ин ҳама ба таҳкими меҳру муҳаббат ва рафоқат дар байни табақаҳои гуногуни ҷомеа боис мегарданд. Таҷлили Иди Қурбон барои мусулмонон рўзи имтиҳону озмоиш буда, инсон саҳифаҳои сарнавишти худро варақгардон мекунад, аъмоли хешро дар мизони адлу инсоф бармекашад ва муҳимтар аз ҳама арзишҳои баланди мактаби одамият ва ғояҳои олии фарҳанги умумиинсониро ба мардум таблиғу ташвиқ менамояд. Дар шароити кунунии ҷаҳони муосир, мутаассифона дар баъзе кишварҳо дини мубини исломро сарчашмаи ҳар гуна хушунату зўровариҳо меҳисобанд. Аз ин рў, вазъи ҳассоси ҷаҳони имрўза моро водор месозад, ки зиракии сиёсӣ, нангу номуси миллӣ, ҳисси баланди ватандўстиву ватанпарастӣ, худшиносию ҷаҳоншиносӣ ва ифтихори миллии худро аз даст надиҳем. Дар баробари ин нагузорем, ки ғояҳои зўроварӣ, ақидаҳои ифротӣ, ҷудоиандозию нифоқангезӣ дар кадом шакле набошад, зиндагии ором ва…