РАИСИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ БО МЕДАЛИ ҶАШНӢ САРФАРОЗ ГАРДОНИДА ШУД
Хабарҳо / 31.08.2026

31 августи соли 2026 Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба як гурӯҳ кормандони касбу кори гуногун мукофотҳои давлатиро, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни миллӣ — 35 солагии Истиқлоли давлатӣ сарфароз гардонида шуда буданд, супориданд. Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар чорабинии тантанавӣ ҳозиринро бо фаро расидани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарфароз гардидан бо мукофотҳои давлатӣ таҳният гуфта, зикр намуданд, ки ҳамасола аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи таҷлили ҷашни муқаддаси миллӣ – Истиқлоли давлатӣ бо мукофотҳои давлатӣ, ҷоизаҳо ва унвонҳои фахрӣ сарфароз гардонидани шаҳрвандон нишони олии қадрдонӣ аз заҳмату талошҳои онҳо баҳри пойдории Истиқлол ва Ваҳдати миллӣ дар кишвар ба ҳисоб меравад. Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар баробари як гурӯҳ кормандони касбу кори гуногун, аз ҷумла Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода низ бо медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардонида шуд. Раиси ноҳия муҳтарам Ашуралӣ Ҷалилзодаро аз номи тамоми кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва кулли мардуми меҳнатқарини ноҳияи Деваштич табрику муборакбод намуда, ба фаъолияти пурмасъулияташон муваффақиятҳо таманно менамоем. Мукофот муборак бошад, муҳтарам Раис !

ПАЁМИ РАИСИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ АШУРАЛӢ ҶАЛИЛЗОДА БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛИ 2026-2027
Хабарҳо / 31.08.2026

Устодон ва омӯзгорони гиромиқадр! Хонандагони азиз! Бо камоли эҳтиром ва самимияти афзун ҳамаи Шумо ва махсусан кӯдаконе, ки бори аввал ба остонаи мактаб қадам мегузоранд бо фарорасии Соли нави хониши 2026-2027 табрику муборакбод менамоям.    Рӯзи дониш, дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил дар остонаи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаро мерасад. Ин рӯйдоди тақдирсоз барои ҳар як тоҷикистониӣ рамзи ифтихору саодат буда, дар таҳкими худшиносӣ ва рушди ҷомеаи навини тоҷик нақши муҳим дорад. Бояд қайд намоям, ки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мулоқотҳо ба маврид қайд намуданд, ки “Мактаб, оила ва ҷомеа – ин се неруи масъулу тавоно бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд ва ба хотири таълиму тарбияи шоистаи наврасону ҷавонон дар ҷамбастагӣ ҷидду ҷаҳд намоянд. Ман ба мардуми шарафманди кишвар, аз ҷумла ба ҷавонону наврасони ватандӯсти Тоҷикистон таъкид менамоям, ки мо бояд ба шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем ва тамоми  неруи худро барои ободии Ватанамон ва пешрафти давлати соҳибихтиёрамон равона созем”. Вобаста ба ин,  насли наврас ва ҷавононро мо бояд дар руҳияи ҳисси баланди миллӣ, ватандустӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбия намоем. Мо ба ақлу заковат, донишу…

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ АШУРАЛӢ ҶАЛИЛЗОДА БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАРЗИШГАРОН
Хабарҳо / 10.08.2026

Варзишгарони гиромӣ, муҳтарамкормандони соҳаи варзиш! Ҳамасола санаи 10-уми август дар сар то сари ҷумҳурӣ ҳамчун рӯзи варзишгарон ботантана қайд карда мешавад. Таҷлили имсолаи Рӯзи варзишгарон дар соли ҷашни таърихии миллат 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида истодааст. Бояд қайд намуд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ варзиш на танҳо ҷанбаи иҷтимоӣ, балки ҷанбаи иқтисодӣ ва сиёсиро низ касб намудааст, зеро мардум ҳар қадар бештар ба варзиш фаро гирифта шаванд, ҳамон қадар вазъи саломативу ҳолати руҳиашон беҳтар гардида, барои рушди соҳаҳои иқтисодиёт ва амнияти давлату ҷомеа имконияту заминаҳои мусоид фароҳам меорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ба таври ҳамешагӣ диққату эътибор дода, дар мулоқоту вохӯриҳояшон дар ин ҷода борҳо таъкид намуданд. Аз ин рӯ, рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба таври ҳамешагӣ дар маркази диққати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, махсусан баъди Истиқлолияти кишвар ба оммавӣ гардонидани варзиш таваҷҷӯҳи Сарвари давлат аз ҳарвақта бештар гардид. Варзиш — ин на танҳо бозӣ ва мусобиқа аст. Варзиш — ин мактаби ҳаёт аст. Он ба ҷавонон интизом, масъулият, ҳамкорӣ ва ғалаба омӯхта, аз онҳо қаҳрамонҳои ҳақиқӣ месозад. Дар ҳар як ғалабаи варзишгар ҷаҳду талоши бепоён, шабҳои бехобӣ, ашк ва…

Рӯзи фарҳанги ноҳияи Деваштич дар Душанбе баргузор гардид
Хабарҳо / 04.08.2026

25 июли соли 2026 дар Боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ»-и пойтахти Тоҷикистон–шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Деваштич баргузор гардид. Меҳмонон ва сокинони пойтахт бо дастовардҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии ноҳияи Деваштич аз наздик шинос шуданд. Намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои рангини фарҳангию фароғатӣ таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ҷалб намуд. Дар намоиш-фурӯш ҳама ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо маҳсулоти гуногун хаймаҳои зиёд ороста, анвои гуногуни маҳсулот ва ҳунармандон маҳсули дастонашонро ба сокинону меҳмонони пойтахт пешниҳод карданд. Дар намоиш маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, аз қабили помидор, картошка, пиёз, бодаринг, зардолу, тухм, тарбуз, харбуза, асал, себ, шафтолу ва ғайра бо нархи нисбат ба бозор арзонтар ба фурӯш гузошта шуда, сокинони пойтахт аз он харидорӣ намуданд. Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо тибқи «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026» баргузор мешаванд. Дар ин рӯзҳо кормандони шуъбаҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо пешниҳоди барномаи ҷолиби консертӣ, намоиши молу маҳсулот ва ҳунарҳои мардумӣ хотири сокинон ва меҳмонони пойтахтро шод мегардонанд.

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
Эълонҳо / 04.08.2026

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД    1.Сармутахассис, ҳуқуқшиноси дастгоҳи Раиси ноҳия; -1ҷой Талаботи тахассусӣ барои мансабҳои сармутахассис: – таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ; – 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ  ё 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ (барои мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ); – 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ  ё 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ (барои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот); – донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ; – одобу ахлоқи шоиста, ҳиси балалнди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон; –  малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ. – малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ. Маоши манабӣ 2279 сомонӣ, қабулшавӣ ба хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ. Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия;                                                                                                                           -1ҷой Талаботи тахассусӣ барои мансабҳои мутахассиси пешбар: – Таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолнамуда мувофиқ; -1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ (барои мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ); – одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиромнисбат ба ҳуқуқва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон; – донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлаӣ ва забони…