Рӯзи фарҳанги ноҳияи Деваштич дар Душанбе баргузор гардид
Хабарҳо / 04.08.2026

25 июли соли 2026 дар Боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ»-и пойтахти Тоҷикистон–шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Деваштич баргузор гардид. Меҳмонон ва сокинони пойтахт бо дастовардҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии ноҳияи Деваштич аз наздик шинос шуданд. Намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои рангини фарҳангию фароғатӣ таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ҷалб намуд. Дар намоиш-фурӯш ҳама ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо маҳсулоти гуногун хаймаҳои зиёд ороста, анвои гуногуни маҳсулот ва ҳунармандон маҳсули дастонашонро ба сокинону меҳмонони пойтахт пешниҳод карданд. Дар намоиш маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, аз қабили помидор, картошка, пиёз, бодаринг, зардолу, тухм, тарбуз, харбуза, асал, себ, шафтолу ва ғайра бо нархи нисбат ба бозор арзонтар ба фурӯш гузошта шуда, сокинони пойтахт аз он харидорӣ намуданд. Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо тибқи «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026» баргузор мешаванд. Дар ин рӯзҳо кормандони шуъбаҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо пешниҳоди барномаи ҷолиби консертӣ, намоиши молу маҳсулот ва ҳунарҳои мардумӣ хотири сокинон ва меҳмонони пойтахтро шод мегардонанд.

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
Эълонҳо / 04.08.2026

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД    1.Сармутахассис, ҳуқуқшиноси дастгоҳи Раиси ноҳия; -1ҷой Талаботи тахассусӣ барои мансабҳои сармутахассис: – таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ; – 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ  ё 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ (барои мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ); – 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ  ё 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ (барои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот); – донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ; – одобу ахлоқи шоиста, ҳиси балалнди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон; –  малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ. – малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ. Маоши манабӣ 2279 сомонӣ, қабулшавӣ ба хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ. Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия;                                                                                                                           -1ҷой Талаботи тахассусӣ барои мансабҳои мутахассиси пешбар: – Таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолнамуда мувофиқ; -1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ (барои мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ); – одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиромнисбат ба ҳуқуқва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон; – донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлаӣ ва забони…