ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ АШУРАЛӢ ҶАЛИЛЗОДА БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАРЗИШГАРОН
Хабарҳо / 10.08.2026

Варзишгарони гиромӣ, муҳтарамкормандони соҳаи варзиш! Ҳамасола санаи 10-уми август дар сар то сари ҷумҳурӣ ҳамчун рӯзи варзишгарон ботантана қайд карда мешавад. Таҷлили имсолаи Рӯзи варзишгарон дар соли ҷашни таърихии миллат 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида истодааст. Бояд қайд намуд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ варзиш на танҳо ҷанбаи иҷтимоӣ, балки ҷанбаи иқтисодӣ ва сиёсиро низ касб намудааст, зеро мардум ҳар қадар бештар ба варзиш фаро гирифта шаванд, ҳамон қадар вазъи саломативу ҳолати руҳиашон беҳтар гардида, барои рушди соҳаҳои иқтисодиёт ва амнияти давлату ҷомеа имконияту заминаҳои мусоид фароҳам меорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ба таври ҳамешагӣ диққату эътибор дода, дар мулоқоту вохӯриҳояшон дар ин ҷода борҳо таъкид намуданд. Аз ин рӯ, рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба таври ҳамешагӣ дар маркази диққати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, махсусан баъди Истиқлолияти кишвар ба оммавӣ гардонидани варзиш таваҷҷӯҳи Сарвари давлат аз ҳарвақта бештар гардид. Варзиш — ин на танҳо бозӣ ва мусобиқа аст. Варзиш — ин мактаби ҳаёт аст. Он ба ҷавонон интизом, масъулият, ҳамкорӣ ва ғалаба омӯхта, аз онҳо қаҳрамонҳои ҳақиқӣ месозад. Дар ҳар як ғалабаи варзишгар ҷаҳду талоши бепоён, шабҳои бехобӣ, ашк ва…