Устодон ва омӯзгорони гиромиқадр!
Хонандагони азиз!
Бо камоли эҳтиром ва самимияти афзун ҳамаи Шумо ва махсусан кӯдаконе, ки бори аввал ба остонаи мактаб қадам мегузоранд бо фарорасии Соли нави хониши 2026-2027 табрику муборакбод менамоям.
Рӯзи дониш, дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил дар остонаи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаро мерасад. Ин рӯйдоди тақдирсоз барои ҳар як тоҷикистониӣ рамзи ифтихору саодат буда, дар таҳкими худшиносӣ ва рушди ҷомеаи навини тоҷик нақши муҳим дорад.
Бояд қайд намоям, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мулоқотҳо ба маврид қайд намуданд, ки “Мактаб, оила ва ҷомеа – ин се неруи масъулу тавоно бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд ва ба хотири таълиму тарбияи шоистаи наврасону ҷавонон дар ҷамбастагӣ ҷидду ҷаҳд намоянд. Ман ба мардуми шарафманди кишвар, аз ҷумла ба ҷавонону наврасони ватандӯсти Тоҷикистон таъкид менамоям, ки мо бояд ба шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем ва тамоми неруи худро барои ободии Ватанамон ва пешрафти давлати соҳибихтиёрамон равона созем”.
Вобаста ба ин, насли наврас ва ҷавононро мо бояд дар руҳияи ҳисси баланди миллӣ, ватандустӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбия намоем.
Мо ба ақлу заковат, донишу маҳорат ва малакаи касбии омӯзгорон, масъулиятшиносии падару модарон, эҳтироми аҳли зиё, сидқан рӯ овардани аҳли ҷомеа ба мактаб эътимод намуда, умедвор ҳастем, ки аҳли илму маориф ва устодони соҳибзавқ барои нақши созандаву мондагор дар тарбияи насли донишманду соҳибмаърифат бо масъулияти баланди касбӣ саҳм мегузоранд.
Ҳар яки мо вазифадорем, ки барои эмин нигоҳ доштани ҷомеаи кишвар аз таъсири зуҳуроти манфии ҷаҳони муосир, аз ҷумла фарҳангу маънавиёти бегона тадбирҳои муассир андешида, фарзандони худро дар рӯҳияи ифтихори ватандорӣ, эҳтироми забони модарӣ, суннату анъанаҳои фарҳангӣ, расму ойинҳо ва эҳтироми либоси миллӣ тарбия намоем.
Боиси ифтихор аст, ки дар арафаи соли нави таҳсил дар ноҳия дар асоси нақшаи алоҳида якчанд биноҳои нави замонавии муассисаҳои таълимӣ, томактабӣ, синфхонаҳои иловагӣ, иншоотҳои соҳаи варзиш бунёд гардида, биноҳои асосӣ ва ёрирасони даҳҳо муассисаҳои таълимӣ таъмиру барқарорсозӣ карда шуданд, ки ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия мусоидат хоҳад намуд.
Бояд қайд намуд, ки соли ҷорӣ 26 нафар писарону духтарони лаёқатманди ноҳия тибқи квотаи Президентӣ ва 42 нафар ба донишгоҳҳои берун аз кишвар дохил гардиданд. Тавассути Маркази миллии тестӣ аз шумори умумии 2785 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳия 1851 нафар хонандагон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҳамчун довталаб ҳуҷҷат супорида, соҳиби номи пурифтихори донишҷӯ гардиданд.
Бори дигар Рӯзи дониш ва соли нави таҳсилро, ки дар арафаи ҷашни бошукуҳи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардида истодааст ба кормандони соҳаи маориф, омӯзгорону хонандагон, бахусус ба дӯстрӯяконе, ки ба синфи 1-ум қабул гардиданд, инчунин кулли сокинони шарафманди ноҳияро самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, саодату сарбаландӣ ва музаффариятҳои шоистаи таҳсилро таманно менамоям.
Бигузор нури дониш ҳамеша роҳи моро равшан гардонад ва Тоҷикистони азиз ҳамеша ободу шукуфон бошад!
Соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш муборак, омўзгорону хонандагони азиз!
Шарҳ нест