Ҳамасола санаи 10-уми август дар сар то сари ҷумҳурӣ ҳамчун рӯзи варзишгарон ботантана қайд карда мешавад.
Таҷлили имсолаи Рӯзи варзишгарон дар соли ҷашни таърихии миллат 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида истодааст.
Бояд қайд намуд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ варзиш на танҳо ҷанбаи иҷтимоӣ, балки ҷанбаи иқтисодӣ ва сиёсиро низ касб намудааст, зеро мардум ҳар қадар бештар ба варзиш фаро гирифта шаванд, ҳамон қадар вазъи саломативу ҳолати руҳиашон беҳтар гардида, барои рушди соҳаҳои иқтисодиёт ва амнияти давлату ҷомеа имконияту заминаҳои мусоид фароҳам меорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ба таври ҳамешагӣ диққату эътибор дода, дар мулоқоту вохӯриҳояшон дар ин ҷода борҳо таъкид намуданд. Аз ин рӯ, рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба таври ҳамешагӣ дар маркази диққати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, махсусан баъди Истиқлолияти кишвар ба оммавӣ гардонидани варзиш таваҷҷӯҳи Сарвари давлат аз ҳарвақта бештар гардид.
Варзиш — ин на танҳо бозӣ ва мусобиқа аст. Варзиш — ин мактаби ҳаёт аст. Он ба ҷавонон интизом, масъулият, ҳамкорӣ ва ғалаба омӯхта, аз онҳо қаҳрамонҳои ҳақиқӣ месозад. Дар ҳар як ғалабаи варзишгар ҷаҳду талоши бепоён, шабҳои бехобӣ, ашк ва арақи зиёд пинҳон аст. Барои ҳамин ҳам, ҳар як медали тилло, нуқра ва биринҷӣ на танҳо барои варзишгар, балки барои тамоми миллат ифтихор аст.
Дар ин замина таи солҳои охир дар ноҳия якчанд иншоотҳои варзишӣ сохта ба истифода дода шуданд.
Баҳри рушди варзиш дар ноҳия саҳми мактаби варзишии бачагон ва наврасони ба номи Багут Холов хеле назаррас мебошад. Бо мақсади дар амал татбиқи намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», Барномаҳои давлатии дар ин самт қабулшуда маҷмӯи зиёди корҳо ба сомон расонида шуданд.
Дар мактаби варзишии ноҳия 6 намуди варзиш амал намуда, 457 нафар хонандагон аз 22 муассисаҳои таълимии ноҳия фаъолият менамояд.
Дар мактаб 32 гурӯҳи таълимӣ мавҷуд буда, дар он 14 нафар мураббиён таълим медиҳанд.
Бояд тазаккур дод, ки сол то сол сафи иштирокчиёни мусобиқаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби дастпарварони мактаби варзишии бачагон ва наврасони ноҳия, хусусан ҷавондухтарон меафзояд.
Аз он ифтихор дорем, ки варзишгарони ҷавони мо шарафи ноҳияамонро дар миқёси вилоят, ҷумҳурӣ ва берун аз он ҳимоя намуда истодаанд.
Дар нимсолаи аввали соли 2026 варзишгарони ноҳия бо 50 медали тилло, 51 медали нуқра ва 32 медали биринҷӣ дар умумият бо 133 медал қадршиносӣ гардиданд, ки барои ба чунин комёбиҳо ноил гардидани дастпарварон саҳми мураббиёни Мактаби варзишӣ хеле назаррас мебошад.
Бо итминон ва боварии комил метавон изҳор намуд, ки имрӯзҳо агар наврасону ҷавонон ва мактаббачагон дар пайравии варзишгарони машҳур ба намудҳои гуногуни варзиш машщул шаванд, дар оянда онҳо ҳамчун муҳофизони боэътимоди Ватан, номбардорони миллат ва парчамафрозони мамлакат ба камол мерасанд.
Бигзор ҳар як мусобиқа барои шумо сабақи ҳаёт ва ҳар як ғалаба ифтихори мо бошад!
Ба ҳамаи варзишгарон — ғалабаҳои нав, саломатӣ, қувват ва рӯҳияи баланд орзу мекунам!
Бо чунин умеду орзуҳои нек ҳамаи Шумоёнро бори дигар бо Рӯзи варзишгарон табрик намуда, барои тарщибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва ҳарчӣ бештар оммавӣ гардонидани соҳаи варзиш фаъолияти ҳамаҷониба ва комёбиҳои нав ба нави варзиширо таманно менамоям.
Рӯзи варзишгарон муборак бошад!

Шарҳ нест