РАИСИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ БО МЕДАЛИ ҶАШНӢ САРФАРОЗ ГАРДОНИДА ШУД

31.08.2026
print
31 августи соли 2026 Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба як гурӯҳ кормандони касбу кори гуногун мукофотҳои давлатиро, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни миллӣ — 35 солагии Истиқлоли давлатӣ сарфароз гардонида шуда буданд, супориданд.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар чорабинии тантанавӣ ҳозиринро бо фаро расидани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарфароз гардидан бо мукофотҳои давлатӣ таҳният гуфта, зикр намуданд, ки ҳамасола аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи таҷлили ҷашни муқаддаси миллӣ – Истиқлоли давлатӣ бо мукофотҳои давлатӣ, ҷоизаҳо ва унвонҳои фахрӣ сарфароз гардонидани шаҳрвандон нишони олии қадрдонӣ аз заҳмату талошҳои онҳо баҳри пойдории Истиқлол ва Ваҳдати миллӣ дар кишвар ба ҳисоб меравад.
Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар баробари як гурӯҳ кормандони касбу кори гуногун, аз ҷумла Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода низ бо медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардонида шуд.
Раиси ноҳия муҳтарам Ашуралӣ Ҷалилзодаро аз номи тамоми кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва кулли мардуми меҳнатқарини ноҳияи Деваштич табрику муборакбод намуда, ба фаъолияти пурмасъулияташон муваффақиятҳо таманно менамоем.
Мукофот муборак бошад, муҳтарам Раис !

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code