Рӯзи фарҳанги ноҳияи Деваштич дар Душанбе баргузор гардид

04.08.2026

print
25 июли соли 2026 дар Боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ»-и пойтахти Тоҷикистон–шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Деваштич баргузор гардид.

Меҳмонон ва сокинони пойтахт бо дастовардҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии ноҳияи Деваштич аз наздик шинос шуданд. Намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои рангини фарҳангию фароғатӣ таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ҷалб намуд.

Дар намоиш-фурӯш ҳама ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо маҳсулоти гуногун хаймаҳои зиёд ороста, анвои гуногуни маҳсулот ва ҳунармандон маҳсули дастонашонро ба сокинону меҳмонони пойтахт пешниҳод карданд.

Дар намоиш маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, аз қабили помидор, картошка, пиёз, бодаринг, зардолу, тухм, тарбуз, харбуза, асал, себ, шафтолу ва ғайра бо нархи нисбат ба бозор арзонтар ба фурӯш гузошта шуда, сокинони пойтахт аз он харидорӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо тибқи «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026» баргузор мешаванд.

Дар ин рӯзҳо кормандони шуъбаҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо пешниҳоди барномаи ҷолиби консертӣ, намоиши молу маҳсулот ва ҳунарҳои мардумӣ хотири сокинон ва меҳмонони пойтахтро шод мегардонанд.

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code