Ман домулло Абдураҳими Кулобӣ, декани факултети филологияи шарқи Донишкадаи исломӣ ҳастам, аз расонаҳои хабари вақте, ки шунавидам бисёр террористҳо, экстремистҳое, ки хоини миллат буданд Ватанро вайрон карданд, ҳар гапҳои пасту баланд дар бораи давлат, дар бораи Пешвои миллат, дар бораи сохти конститутсионии давлат гапҳои беҳудаву нодуруст гуфтанд, виҷдонам маро намонду хестаму аз Тоҷикистон ба
Дар паи тирпаронии бегоҳии 16 сентябр дар ҳудуди марзии Тоҷикистону Қирғизистон, яъне дар маҳаллаи Баҳори ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров се марзбони тоҷик— як подполковник ва ду сарбоз кушта шуданд. Инҳо подполковник Рустам Убайдуллоев ва ду сарбози қаторӣ— Рамазон Исломов ва Илёсиддин Субҳонов мебошанд.
Баъзе аз афроди алоҳида макони зиёратро ба сарчашмаи даромади молиявӣ табдил дода, ҳар гуна овозаҳои бардурӯғи таблиғотиро пиромуни зиёрату маконҳои ба истилоҳ «муқаддас» паҳн сохтаву месозанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз дар Тоҷикистон парастиши мазор ва зиёратгоҳҳо ба падидаи паҳншудаи хурофотӣ мубаддал гаштааст. Дар қаламрави ҷумҳурӣ тақрибан деҳае нест, ки дар он ду-се мазор ва ё ба истилоҳ «макони муқаддас» вуҷуд надошта бошад. Эътиқод ва парастиши мазорҳо аз тарафи мардум ба як навъи мафкура ва ҷаҳонбинӣ мубаддал гаштааст. Аксарият бар онанд, ки мазорҳо ва ҷойгоҳи ашхоси дафншуда метавонанд дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва вазъи зиндагии инфиродии онҳо таъсиргузор бошанд.