3 сентябри соли 2026 толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич бо иштироки Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Бахтиёр Исматзода қадршиносии як қатор собиқадорони меҳнат, ки дар рушду нумўи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия саҳми арзанда гузоштаанд баргузор гардид. Сараввал меҳмонон собиқадоронро бо ҷашни фархуда – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, кўмакҳои яквақтаинаи моддии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзодаро бо тантана супорида шуд. Собиқадорони меҳнат аз ин таваҷҷӯҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич миннатдории самимонаи хешро баён намуданд.
3 сентябри соли 2026 дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич таҳти роҳбарии Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода маросими супоридани Ифтихорнома ба кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баргузор гардид. Сараввал, Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода суханронӣ намуда, тамоми кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро ба муносибати фарорасии ҷашни таърихӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод гуфт. Қайд гардид, ки ин санаи муҳими таърихӣ на танҳо як рӯзи ҷашнӣ, балки рамзи эҳёи давлатдории миллӣ, иродаи шикастнопазири халқ ва давраи тиллоии созандагию пешрафти кишвари азизамон – Тоҷикистон мебошад. Дар ҳама пешравию дастовардҳои 35-соли Истиқлоли давлатӣ саҳми Асосгузори сулҳу вааҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле калон мебошад. Пешвои муаззами миллат зимни татбиқи пайгиронаи арзишҳои бунёдӣ дар шароити ниҳоят мураккаби муносибатҳои байналхалқӣ, шиддати рақобатҳои абарқудратон ва осебпазирии кишварҳои миллӣ тавонистанд, ки давлатдории миллии тоҷиконро ҳифз намуда, онро ҳамчун давлати ташаббускори ҷаҳонӣ муаррифӣ намояд. Имрӯз Тоҷикистон бо 179 давлати дунё муносибатҳои дипломатӣ дорад ва бо талошҳои муассири худ дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари фаъолу ташаббускор шинохта шудааст. Сипас дар вазъияти тантанавӣ кормандон бо Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ карда шуданд.
Ҳамдиёрони азиз! Расо 35- сол муқаддам, санаи 9-уми сентябри соли 1991 миллати саодатманди тоҷик дар фазои орому осоишта ба бузургтарин неъмат – истиқлолият соҳиб гардид. Ин рӯзи муборак дар саҳифаҳои таърихи навини Ватанамон бо хатти заррин сабт шуда, барои мардуми куҳанбунёду тамаддунсози мо ҳамчун санаи барқарор гардидани адолати таърихӣ, яъне соҳиби давлатдории мустақили миллӣ гардидани миллати тоҷик ва дар арсаи байналмилалӣ парафшон шудани парчами давлати тоҷикон ба ҳисоб меравад. Халқи азизи Тоҷикистон 35-солагии истиқлоли кишвари маҳбуби худро бо эҳсоси саршор аз ифтихори ватандорӣ таҷлил менамояд, зеро истиқлоли давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, нишонаи олии ҳувияти миллӣ, ифтихор ва номуси ватандорӣ, рамзи ҳастии миллати бостонӣ ва соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик ва асоси хушбахтиву сарбаландии сокинони Тоҷикистон мебошад. Бо камоли шодмониву сарфарозӣ тамоми мардуми сарбаланди ноҳияи Деваштич ва ҳамаи Шуморо ба ифтихори ин ҷашни муқаддас ва бузурги таърихӣ самимона табрику муборакбод менамоям. Бояд қайд намоям, ки ин рӯзи босаодат, яъне 35-солагии истиқлолу озодӣ ва бузургтарин дастоварди ин давра – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон ба осонӣ муяссар нашудааст. Дар зарфи 35- соли сипаришуда барои расидан ба ин лаҳзаҳои пурнишот мо ҳама якҷо таҳдиду хатарҳои зиёд ва мушкилоти ниҳоят сахту сангинро паси сар кардем. Роҳи таърихие, ки халқи…
Зимни сафари кории худ ба ноҳияи Деваштич Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд. Роҳбари вилоят аз ҷумла аз ҳоли собиқадори соҳаи маориф Маҳмадрасул Шодиев ва собиқадори соҳаи кишоварзӣ Гадойбой Маҳкамов хабар гирифта, ба онҳо саломативу саодати рӯзгорро таманно кард. Таъкид гардид, ки роҳбарияти вилоят бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зисту зиндагонии собиқадорони меҳнат таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда, ин қишри ҷомеаро мунтазам ба ғамхорӣ фаро мегирад. Собиқадорони меҳнат аз таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат изҳори хушнудӣ намуда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории самимии худро баён намуданд, барои боз ҳам ободу зебо шудани Тоҷикистон дасти дуо бардоштанд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар ноҳияи Деваштич бо афсарону сарбозони қисми ҳарбии ҳудуди ноҳия мулоқот намуда, онҳоро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфт. Раҷаб Аҳмадзода таъкид кард, ки Истиқлоли давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон неъмати бузурги таърихӣ ва заминаи асосии таҳкими давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу субот ва рушди устувори кишвар ба ҳисоб меравад. Дар замони соҳибистиқлолӣ бо роҳбарии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат ва баланд бардоштани сатҳи омодагии Қувваҳои Мусаллаҳ тадбирҳои пайваста амалӣ карда мешаванд. Зикр гардид, ки ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва зиндагии осоиштаи мардум вазифаи муқаддаси ҳар як хизматчии ҳарбӣ мебошад. Аз ин рӯ, садоқат ба Ватан, риояи интизоми ҳарбӣ, эҳтироми муқаддасоти миллӣ ва омодагии ҳамешагӣ ба иҷрои вазифаи хизматӣ бояд сармашқи фаъолияти афсарону сарбозон бошад. Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба афсарону сарбозон барои хизмати содиқона, масъулиятшиносӣ ва саҳми арзанда дар ҳифзи амнияти кишвар изҳори сипос намуда, ба онҳо саломатӣ ва дар фаъолияти хизматӣ комёбиҳо орзу кард. Барои афсарону сарбозон дастархони идона ороста шуда, ба қисми низомӣ маводи ғизоӣ дастрас гардид.
Таваҷҷуҳ ба қишри ниёзманди ҷомеа ва дастгирии оилаҳои эҳтиёҷманд яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар ин замина тадбирҳои пайваста роҳандозӣ мегарданд. Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар ноҳияи Деваштич бо фарзандони оилаҳои камбизоат ва кӯдаконе, ки бо амри тақдир аз падару модар маҳрум мондаанд, суҳбат намуда, онҳоро ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфт. Зимни суҳбат таъкид гардид, ки қишри ниёзманди ҷомеа ҳамеша зери таваҷҷуҳу ғамхории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, барои фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ва таҳсили фарзандони оилаҳои ниёзманд тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд. Дар ин рӯз ба кӯдакон аз номи Сарвари давлат либосҳои мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид. Ҳамчунин, барои кӯдакон дастархони идона ороста шуда, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо кӯдакону наврасон суҳбати самимӣ анҷом дода, онҳоро ба донишомӯзӣ, одоби ҳамида, эҳтироми калонсолон ва истифодаи дурусти имкониятҳои фароҳамгардида ҳидоят намуд. Бояд таъкид кард, ки чунин иқдомҳо, ки дар доираи сиёсати иҷтимоии давлат ва бо мақсади дастгирии оилаҳои ниёзманд роҳандозӣ мегарданд, барои рӯҳбаландии кӯдакон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсилу тарбияи онҳо аҳамияти муҳим доранд.
Дар ноҳияи Деваштич татбиқи яке аз лоиҳаҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ дар самти беҳтар намудани ҳолати обрасонӣ ва азхуд намудани заминҳои бекорхобида бо маром идома дорад. Зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода иттилоъ дода шуд, ки хатти оби полезии «Даҳкатсой-Даҳанасой» аз ҷумлаи ташаббусҳои судманд ба ҳисоб рафта, татбиқи он барои рушди соҳаи кишоварзӣ ва истифодаи самараноки замин мусоидат хоҳад кард. Бо амалисозии пурраи лоиҳа дар маҷмӯъ 5 ҳазор гектар замини бекорхобида азхуд гардида, ҳолати обёрии 3 ҳазору 600 гектар замин беҳтар карда мешавад. Ин иқдом барои афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва истифодаи самараноки заминҳои мавҷуда заминаи мусоид фароҳам меорад. Лоиҳаи хатти оби полезии «Даҳкатсой-Даҳанасой» дар ду марҳила татбиқ гардида, бо ба анҷом расидани корҳои пешбинишуда имкониятҳои кишоварзони ноҳия барои васеъ намудани майдони кишт ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бештар мегардад. Ҳамзамон, татбиқи лоиҳа ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд гардидани сатҳи даромади аҳолӣ ва рушди иқтисодии минтақа мусоидат хоҳад кард. Азхудкунии заминҳои нав ва беҳтар намудани ҳолати обёрӣ, бахусус, барои рушди картошкапарварӣ аҳамияти муҳим дорад.
Ноҳияи Деваштич аз минтақаҳои асосии картошкапарварии мамлакат ба ҳисоб рафта, кишоварзони ноҳия бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда барои афзоиши ҳаҷми истеҳсоли картошка ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ тадбирҳои заруриро амалӣ менамоянд. Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни шиносоӣ бо раванди ҷамъоварии картошка дар хоҷагии деҳқонии «Эргаш» таъкид намуд, ки бо мақсади таъмини бозори дохилӣ ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бояд сол ба сол майдони кишти картошка васеъ гардида, ҳосилнокӣ баланд бардошта шавад. Тавре иттилоъ дода шуд, хоҷагии деҳқонии «Эргаш» дорои 10 гектар замин буда, кишоварзони таҷрибадори хоҷагӣ имсол дар заминҳои картошка кишткарда ният доранд аз ҳар гектар то 500 сентнер ҳосил ба даст оранд. Дар маҷмӯъ, соли ҷорӣ кишоварзони ноҳияи Деваштич дар майдони 9 ҳазору 196 гектар картошка кишт намудаанд. Дар назди онҳо вазифа гузошта шудааст, ки ҳаҷми истеҳсоли картошка то ба 320 ҳазор тонна расонида шавад. Тибқи маълумоти оморӣ, то имрӯз дар ноҳия беш аз 37 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст. Корҳои ҳосилғундорӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва кишоварзии ноҳия бо маром идома дошта, деҳқонон талош доранд, ки ҳосили парваришшударо сари вақт ҷамъоварӣ намуда, ба бозорҳои истеъмолӣ пешниҳод намоянд. Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода масъулон ва кишоварзонро вазифадор намуд, ки барои истифодаи самараноки замин, ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадам, баланд бардоштани ҳосилнокӣ…
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар идомаи боздиди корӣ аз ноҳияи Деваштич бо рафти корҳои ободониву созандагӣ дар роҳҳои маҳаллӣ шинос шуд. Зикр гардид, ки бо ташаббуси ватандӯстонаи сокинону соҳибкорони ҷамоатҳои деҳоти Ростровут ва Ваҳдат корҳои мумфаршкунии роҳи байни ин ду ҷамоат ба масофаи 18 километр идома доранд. Айни замон дар қитъаҳои алоҳидаи роҳ корҳои мумфаршкунӣ бо истифода аз техникаву механизмҳои зарурӣ ва ҷалби мутахассисон бо маром идома дошта, масъулин талош доранд, ки корҳои ба нақша гирифташударо дар муҳлати муайян ва бо сифати баланд ба анҷом расонанд. Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода саҳми сокинону соҳибкоронро дар ободонии роҳҳо муҳим арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки чунин иқдомҳои созанда ба беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонии нақлиётӣ, осон гардидани рафтуомади сокинон ва рушди иқтисодиву иҷтимоии деҳот мусоидат менамоянд. Мумфаршкунии роҳи мазкур дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, боз як иқдоми муҳим дар самти беҳтар намудани инфрасохтори роҳу нақлиёти ноҳияи Деваштич ба ҳисоб меравад.
Бо истифода аз дастгириҳои давлатӣ ва бо назардошти имкониятҳои мусоиди истеҳсоли меваю сабзавоти хушсифат дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот бунёд гардида истодааст. Соҳибкори ватанӣ Саидмурод Давлатов тасмим гирифтааст, ки дар ноҳия корхонаи коркарди меваю сабзавоти «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро бунёд намуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳад. Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонии корхона ба ташаббуси соҳибкор баҳои баланд дода, иброз дошт, ки бунёди чунин корхонаҳо дар рушди истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ саҳми назаррас мегузорад. Корхона бо истифода аз технологияи муосири истеҳсолии Олмон бунёд шуда, имкон фароҳам меорад, ки аз меваю сабзавоти ватанӣ афшураҳои софи табиӣ бе иловаи шакар ва об истеҳсол карда шаванд. Дар корхона истеҳсоли 30 намуд афшура ба роҳ монда шуда, маҳсулот дар ду шакл истеҳсол мегардад. Иқтидори умумии истеҳсолии корхона 2 ҳазору 700 литр маҳсулот дар як соатро ташкил медиҳад. Бо мақсади таъмини корхона бо ашёи хоми маҳаллӣ ва фароҳам овардани заминаи устувор барои истеҳсоли маҳсулоти коркардшаванда дар масоҳати 5 гектар боғ бунёд карда шудааст. Корҳои сохтмонӣ дар корхона моҳи июни соли ҷорӣ оғоз гардида, бо ҷалби техникаву механизмҳои зарурӣ ва мутахассисони маҳаллӣ бо суръат идома доранд. Айни замон дар корҳои сохтмонӣ 40 нафар…