СЕМИНАРИ ИЛМӢ-АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗЎИ “РОҲҲОИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ ҲОСИЛНОКИИ КАРТОШКА ДАР МИНТАҚАҲОИ КУҲӢ ВОБАСТА БА ШАРОИТИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ” ДАР НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ

09.08.2025
print
2 августи соли 2025 баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷараёни сафари кориашон ба вилоят Суғд соли 2025, ҳангоми шиносоӣ санаи 12 июли соли 2025 аз таҷрибаи картошкапарварони ноҳияи Деваштич, бо назардошти омилҳои пешгуинашаванда, тағйирёбии бесобиқаи иқлим ва оқибатҳои ногувори он, захираи маводи ғизоии ду сола, ҷиҳати истифодаи оқилонаву самараноки ҳар як ваҷаб замин ба кулли мардуми кишвар баён доштанд, Семинари илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзўӣ “Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии картошка дар минтақаҳои доманакўҳи вобаста ба шароити тағйирёбии иқлим” дар хоҷагии деҳқонии Ҳотам Қурбонови деҳаи Басмандаи Ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич баргузор гардид.
Семинари мазкур бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияҳои Деваштичу Кӯҳистони Мастчоҳ ташкил карда шуд.
Дар кори семинар, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон, Сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти ДИПҶТ Салимзода Салим, Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди ҲҶТ Файзуллозода Муҳаммадсаид, муовини раиси вилоят Қосимӣ Файзулло, Президенти АИКТ Салимзода Амонулло, Ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Маҳмадёрзода Усмон, раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода, инчунин намояндагони сохторҳои комплекси агросаноатии ҷумҳурӣ, муовинони раиси вилоятҳо, раисони шаҳру ноҳияҳои картошкапарвар, муовинони раиси шаҳру ноҳияҳо, сардори сарраёсатҳо, раёсату шўъбаи кишоварзӣ, раисони ҷамоатҳо ва хоҷагиҳои картошкапарварии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Сараввал ҳамаи иштироккунандагон аз таҷрибаи хоҷагиҳои картошкапарварии ноҳияҳои Куҳистони Мастчоҳ ва Деваштич шинос гардиданд, ки омузиш ва табодули таҷрибаи якдигарӣ ба пешрафти фаъолияти корӣ мусоидат ҳоҳад кард.
Дар кори дар семинар муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон ва муовини раиси вилоят Қосимӣ Файзулло баромад намуданд.
Инчунин Президенти Академия илмҳои кишоварзии Салимзода Амонулло мавзуъи “Масъалаҳои актуалӣ ва самтҳои афзалиятноки тухмипарварӣ ва нигоҳдории картошка дар Тоҷикистон”, ректори Донишгоҳи аграрии Точикистон ба номи Ш.Шоҳтемур Маҳмадёрзода Усмон “Технологияи парвариш картошка дар минтақаҳои кўҳӣ ва доманкуҳӣ”, мудири кафедраи мелиоратсия, таҷдидсозӣ ва ҳифзи замини Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур Пулатов Шавкат дар мавзуъи “Меъёр ва усулҳои обёрии картошка вобаста ба минтақа”, мудири кафедраи ҳимоя ва карантинӣ растании Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур дар мавзуъи “Касалию зарарасонҳои картошка ва чораҳои мубориза бар зидди онҳо”, директори Институти иқтисодиёт ва таҳқиқи системавии рушди кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзӣ Тоҷикистон Пиризода Ҷалил дар мавзуъи “Самаранокии иқтисодии картошка”, инчунин Раисони ноҳияҳои Деваштич, Куҳистони Мастчоҳ ва Лахш Ҷалилзода Ашуралӣ, Бобосзода Хайрулло ва Холзода Каромиддин дар мавзуҳои “Саҳми кишоварзони ноҳияҳои Деваштич, Куҳистони Мастчоҳ ва Лахш дар истеҳсолоти картошка” маъруза намуданд.
Мақсад аз баргузории семинари мазкур ба амалигардонии рушди устувори соҳаи картошкапарварӣ дар ҷумҳурӣ буда, ба баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва боз ҳам афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли картошка, инчунин баланд бардоштани боздеҳи замин, табодули таҷриба ва таъмини яке аз ҳадафҳои асосии мамлакат – таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад.

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code