ГУСЕЛИ БОТАНТАНАИ НАВАСКАРОН БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ
Аксҳо , Хабарҳо / 02.10.2024

    1-уми октябри соли равон дар майдони “Боғи Парчами давлатӣ” шаҳраки Ғончӣ маросими ботантанаи гусели даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маросими гусели наваскарон Раиси ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, муовини Раиси ноҳия, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо ва фаъолони ноҳия ширкат варзиданд. Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода  қайд намуд, ки Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон такягоҳи боэътимоди давлат ва сипари иқтидорманди миллат мебошад. Ташкил ва таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як давраи кӯтоҳ ва хеле душвору сангин ба вуқӯъ пайваст. Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам аз лиҳози таъминоти моддию техникӣ, ҳам аз ҷиҳати қудрату тавоноӣ ва маҳорати ҳарбӣ ва интизоми ҳайати шахсӣ аз солҳои пешин афзалияти зиёду бештар дорад. Боиси ифтихормандӣ аст, ки имрӯз мамлакати мо тамоми марзи сарҳади давлатиро пурра бо қувваи худ муҳофизат менамояд. Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби олии обу тоби зиндагӣ ва касби камолот мебошад. -Мову шумо хуб медонем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон симои миллат ва бақои давлат аст. Тақдири амнияти Ватан ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба дасти шумо, фарзандони азиз, ки пас аз қабули савганди ҳарбӣ ин…