5 декабри соли 2024 дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Деваштич маҷлиси тантанавӣ ва чорабинии фарҳангӣ бахшида ба 30-юмин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода, Роҳбари дастгоҳи Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Фаррух Зоҳидов бо фарогирии 300 нафар собиқадорони ҳизбу меҳнат, вакилони Маҷлисҳои вакилони халқи маҳаллӣ, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, аъзои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, гирандагони стипендияи Президентӣ, ғолибони озмунҳову мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва дигар фаъолони ҲХДТ баргузор гардид.
Пас аз қироати Суруди миллӣ, раиси ноҳия муҳтарам Ашуралӣ Ҷалилзода сухани табрикотӣ намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон яке аз ҳизбҳои сернуфуз дар тамоми қаламрави кишвар маҳсуб ёфта, нимаи аввали соли 1993 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идеяи ташкил намудани он бо номи Ҳизби Халқии Тоҷикистон ба миён омад. 10 декабри соли 1994 Анҷумани муассисон дар бораи ташкилёбии ҳизб қарор қабул намуда, Оиннома ва Барномаи онро тасдиқ намуд.25 июни соли 1997 Анҷумани 3-юм номи Ҳизби Халқии Тоҷикистонро ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табдил дод.
Дар воқеъ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар асоси ормонҳои мардумӣ созмон ёфта, 30 сол инҷониб барои манфиати халқ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум фаъолият мебарад.
Сипас, Роҳбари дастгоҳи Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Фаррух Зоҳидов ба иштирокдорон номаи табрикотии Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзодаро қироат намуда, ҳамчунин аз таърихи таъсисёбӣ ва роҳи тайнамудаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар 30 соли сипаригардида ёдовар гардид.
Зикр гардид, ки дар ин 30-сол Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собит сохт, ки комилан халқисту баҳри зиндагии шоиста ба мардум талош меварзад. Воқеан, имрӯзҳо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар ҷомеа ҳамчун ҳизби ормонҳои миллӣ, таҳкимбахшандаи сулҳу ваҳдати миллӣ, бунёдкору созанда, тамаддунофар ва эҳёгар мешиносанд.
Дар охири маҷлиси тантанавӣ ба фаъолон, собиқадорони ҳизбӣ, омӯзгорони ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва олимпиадаҳои фаннӣ Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва ноҳияи Деваштич супорида шуданд.
Барномаи фарҳангӣ, ки саршор аз тараннуми сулҳу субот, ваҳдат ва ватандӯстиву хештаншиносӣ иборат буд, анҷомбахши чорабинӣ гардид.
Шарҳ нест