Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич лоиҳаи бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар ноҳия муаррифӣ шуд. Масъулини соҳаи сохтмон ва меъмории ноҳия зимни муарифии лоиҳаи бинои баландошёнаи истиқоматӣ ба Раиси ноҳия маълумот доданд, ки ояндаи наздик дар кӯчаи Бобо Салом бинои баландошёнаи истиқоматии 9 ошёна бунёд карда мешавад. Тибқи лоиҳа дар бинои баландошёна ҷойгирсозии таваққуфгоҳҳои зеризаминӣ, марказҳои савдою хизматрасонӣ, майдончаҳо барои бозии кӯдакон дар назар дошта шудааст. Раиси ноҳия зимни шиносоӣ таъкид кард, ки лоиҳаи бинои баландошёнаи истиқоматӣ бояд дар доираи нақшаи генералии ноҳияи Деваштич омода ва дар оянда дар амал татбиқ карда шавад.
1 ноябри соли 2024 дар ноҳияи Деваштич бо истифода аз ҳавои мусоид баҳри вусъат бахшидан ба корҳои ободониву тозагии муҳити зист ва сазовор истиқбол намудани ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳашари умуминоҳиявӣ баргузор гардид. Дар ҳашари умуминоҳиявӣ кормандони касбу кори гуногун ва сокинони деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич, ки дар ҳудуди шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Бӯстон-Чаноқ ҷойгир мебошанд бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ баҳри ҳифзи муҳити зист, вусъати корҳои ободонӣ саҳми босазои худро гузошта, ду шафати шоҳроҳи мазкур ва заминҳои хоҷагиҳои деҳқонию кишоварзиро ба кишти тирамоҳӣ омода намуда аз алафҳои бегона тоза карда, ниҳолҳои хушкшударо решакан намуда, ҳамзамон дарахтони қади роҳро сафед карда ба тартиб дароварданд. Бояд қайд намуд, ки ҳифз намудани табиат, тозаю озод нигоҳ доштани гирду атрофи маҳалли зисти худ ба инсоният вобастагии комил дошта, пос доштани табиату манбаъҳои он қарзи шаҳрвандии ҳар яке мо ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, таъкид гардид, ки ҳар як сокини ноҳия бояд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ баҳри ободу зебо нигоҳ доштани ҳар як гӯшаи диёри азизамон аз хонаву дари худ, кӯчаю маҳалла ва деҳа сар карда, фарҳанг ва тамаддуни оламгири тоҷиконро ҳифзу гиромӣ нигоҳ доранд ва баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузор бошанд.