4 ноябри соли 2024 дар Қасри фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии маркази ноҳия ба муносибати Рӯзи кормандони милитсия ҷамъомади тантанавӣ доир шуд, ки дар он Раиси ноҳия Ашуралӣ иштирок ва суханронӣ намуд. Ҷамъомади тантанавӣ бо даровардани Парчами милли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толор ва садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Раиси ноҳия ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилии ноҳияро ба Рӯзи кормандони милитсия табрик гуфта, ба онҳо тансиҳативу хонаободӣ, саодату сарбаландӣ ва дар иҷрои рисолати бошарафу пурифтихор барору комёбиҳо орзу кард. -Ҳамасола таҷлил гардидани Рўзи касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ шаҳодати таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин ниҳоди муҳимми давлатӣ буда, ҳар яки шуморо водор месозад, ки барои таъмини иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва содиқ будан ба савганди худ масъулияти дучанд эҳсос намоед,- иброз дошт Раиси ноҳия. Таъкид карда шуд, ки дар ҳамаи давру замон пешрафти ҳаёти давлат ва ҷомеа аз суботу амният ва таъмини оромиву тартиботи ҷамъиятӣ вобастагии мустақим дорад, ки иҷрои ин вазифаи муҳим ба зиммаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, алалхусус мақомоти корҳои дохилӣ, вогузор гардидааст. Кормандони милитсия дар даврони истиқлолият аз имтиҳони вазнини таърих гузашта, хусусан, дар айёми сахту сангини ибтидои солҳои 90-уми асри…