ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯ АШУРАЛӢ ҶАЛИЛЗОДА БА МУНОСИБАТИ 30-СОЛАГИИ РӮЗИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳамдиёрони азиз! Дар таърихи давлати соқибистиқлоламон ҳамасола санаи 6-уми ноябр ҳамчун Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана таҷлил мегардад, ки  имсол мо дар фазои озодиву истиқлоли Ватани маҳбубуамон 30-юмин солгарди ин хуҷҷати муҳими ҳуқуқиро истиқбол мегирем. Ба ифтихори таҷлили ин санаи таърихӣ сокинони шарафманди ноҳияи Деваштичро табрику муборакбод намуда, ба хонадони ҳар яки Шумо баракату осудагӣ ба Ватани маҳбубамон сулҳу осоиштагӣ ва пешрафту ободиро орзу менамоям. Солгарди қабули   Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи дигар санаҳои тақдирсози халқу миллат воқеан ҳам мавқеи хосаи сиёсӣ ва иҷтимоию маънавиро дорост. Мардуми сарбаланду меҳнатқарини ноҳияи мо низ бо саодатмандию сарфарозӣ, ифтихор аз диёри маҳбуб ва бо шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандонаю одилонаи Пешвои муаззами миллат, фазои орому осоиштаи кишвар, устувории пояҳои давлатдорӣ ин ҷашнро бо фараҳмандӣ истиқбол менамоянд. Бояд қайд намуд, ки Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ, шаҳодатномаи миллат, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро арзиши олӣ эълон дошта, риоя ва эҳтироми онро меҳвари мақсад ва мазмуни фаъолияти тамоми мақомоти давлатӣ қарор додааст ва ин арзиши конститутсионӣ нигоҳи башардӯстонаи давлатро нисбат ба волоияти ҳуқуқу озодиҳои инсон аз дигар падидаҳо инъикос менамояд. Ба миллати сарбаланди тоҷик дар замони соқибистиқлолӣ муяссар гардид, ки ба ивази талошу кӯшишҳои ватансозона ба чандин дастовардҳои муҳим ва муқаддас ноил гардад, ки…