Ҳамватанони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Дар таърихи давлату миллатҳои ҷаҳон рӯйдодҳое ба вуқӯъ мепайванданд, ки сарнавишт ва роҳи минбаъдаи онҳоро муайян мекунанд. Чунин рӯйдоди муҳим дар таърихи давлатдории навини тоҷикон қабули нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, ки мо имрӯз 30-юмин солгарди онро таҷлил менамоем. Бо камоли ифтихору сарфарозӣ тамоми халқи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамаи шумо – ҳозирини арҷмандро ба муносибати ин санаи воқеан тақдирсозу таърихӣ самимона табрику шодбош мегӯям. Конститутсияи Тоҷикистони соҳибихтиёр ҳамчун санади ифодагари истиқлолу озодии халқи мо дар таъсиси давлатдории навини тоҷикон ва пойдориву бардавомии он нақши ҳалкунанда дорад. Ин санади таърихӣ ва сарнавиштсоз барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории навини тоҷикон, ноил гардидан ба сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, дастовардҳои бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташаккули озодонаи шахс заминаи мустаҳкам ва боэътимоди ҳуқуқӣ фароҳам овард. Сӣ соли амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон собит сохт, ки қонуни асосии давлати мо аз имтиҳони бисёр ҷиддии ҳаёт гузашт ва дурустии мақсаду вазифаҳо ва арзишҳое, ки Конститутсия ба онҳо асос ёфтааст, исбот гардид. Тавре ки ман дар яке аз суханрониҳои худ зикр карда будам, Конститутсия заминаҳои ҳуқуқии истиқлол ва асосҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоии моро таҳким бахшид. Конститутсия сарчашмаи ташаккули низоми қонунгузории давлати муосири мо гардид ва…
6 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокдорони чорабинӣ, шаҳрвандони кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиро ба муносибати ин санаи воқеан тақдирсозу таърихӣ самимона табрику шодбош гуфтанд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ оид ба нақши муҳими Конститутсия дар барпо кардани давлатдории навини тоҷикон ва расидан ба ваҳдати миллӣ андешаронӣ намуданд. Таъкид гардид, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибихтиёр ҳамчун санади ифодагари истиқлолу озодии халқи мо дар таъсиси давлатдории навини тоҷикон ва пойдориву бардавомии он нақши ҳалкунанда дорад. Гуфта шуд, ки ин санади таърихӣ ва сарнавиштсоз барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории навини тоҷикон, ноил гардидан ба сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, дастовардҳои бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташаккули озодонаи шахс заминаи мустаҳкам ва боэътимоди ҳуқуқӣ фароҳам овард. “30 соли амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон собит сохт, ки қонуни асосии давлати мо аз имтиҳони бисёр ҷиддии ҳаёт гузашт ва дурустии мақсаду вазифаҳо ва арзишҳое, ки ба онҳо асос ёфтааст, исбот гардид”, -иброз доштанд Сарвари давлат. Ба андешаи Президенти кишвар дар зарфи 30 соли амали Конститутсия кишвари мо роҳи ниҳоят душворро тай намуд ва мардуми тоҷик барои расидан ба ин…
Дар пайравӣ ба сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Деваштич ободкориҳо идома доранд. Санаи 5 ноябр Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода дар Ҷамоати деҳоти Ваҳдат бо корҳои мумфаршкунии роҳ шинос гардиданд. Сокинони Ҷамоати деҳоти Ваҳдат нақша доранд, ки имсол аз гардиши деҳаи Нуробод то маркази Ҷамоат роҳи маҳаллиро бо сифати баланд мумфарш гардида истодааст. Мумфаршкунии роҳи мазкур бо иқдоми сокинон, соҳибкорони маҳаллӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ амалӣ шуда, дарозии он 6 км ва паҳноиаш 6 метрро ташкил медиҳад. Тибқи нақша, барои иҷрои кор зиёда аз 4,3 миллион сомонӣ сарф мегардад. Раиси ноҳия зимни суҳбат иқдому ташаббусҳои сокинони ҷамоатро дар самти мумфаршкунии роҳҳо намунаи ибрат дониста, барои иҷрои корҳои хайру савоб изҳори сипос намуд. Гуфта шуд, ки дар доираи корҳои ободонию созандагӣ дар Ҷамоати деҳоти Ваҳдат даҳҳо километр роҳҳои дохилӣ низ мумфарш гардида, корҳои роҳсозӣ муташаккилона идома дорад. Сокинон изҳор доштанд, ки барои истиқболи шоистаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ дар ободии маҳал саҳм хоҳанд гузошт.
Ҳамасола 6 ноябр ҳамчун Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана таҷлил мегардад, ки имсол мо дар фазои озодиву истиқлоли Ватани маҳбубуамон 30-юмин солгарди ин хуҷҷати муҳими ҳуқуқиро истиқбол мегирем. Ба ҳамин муносибат 5 ноябри соли 2024 дар Қасри фарҳангии Абӯабдуллоҳи Рӯдакии маркази ноҳия бо иштироки Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода ва муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, муовинони Раиси ноҳия, Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, Раисони ҷамоатҳо шаҳраку деҳот ноҳия, роҳбарони корхонаю ташкилотҳо, барқароркунандагони сохти конститутсионӣ мамлакат, собиқадорон меҳнат, фаъолон ва ҷавонони ноҳия ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 30-солагии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҷамъомади тантанавӣ ба толор ворид гардидани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Нахуст Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода кулли иштирокчиёни ҷамъомадро бо муносибати ҷашни 30-солагии Рӯзи қабули Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо баракату осудагӣ ба Ватани маҳбубамон сулҳу осоиштагӣ ва пешрафту ободиро орзу намуданд. Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода зимни суханронӣ иброз дошт, ки дар таърихи ҳар як халқу миллат санаҳое ҳастанд, ки онҳо нотакрор, тақдирсоз ва хотирмон ба ҳисоб мераванд. Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои мо ҳамчун таърихи шаклгирии давлатдории миллӣ…