18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи давлатии мактаби махсуси варзишӣ оид ба футболро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Корҳои бунёдӣ дар ин иншооти варзишӣ моҳи марти соли 2023 оғоз гардида, дар майдони 7 гектар дар муҳлати бештар аз 1 сол бо ҷалби қариб 30 нафар бинокорони маҳҳалӣ мутобиқи талаботи замони имрӯза ба итмом расидааст. Муассисаи мазкур аз варзишгоҳи бузург бо 7000 ҷойи нишаст, майдончаи варзишӣ, ҳуҷраҳои корӣ, либосивазкунӣ ва маҷлисгоҳ барои 40 нафар иборат мебошад. Ҳамзамон дар ин макон мураббиён метавонанд дарсҳои назариявӣ гузаранд. Насби нурафканҳо дар варзишгоҳ имкон медиҳад, ки шомгоҳон низ мусобиқа ва тамринҳо бемамониат доир карда шаванд. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ дода шуд, ки варзишгарони ноҳия дар ҷавоб ба ғамхориҳои роҳбарияти олии кишвар имкониятҳои муҳайёшударо самаранок истифода бурда, дар самти варзиш ба дастовардҳои назаррас даст ёфтаанд. Таъкид гардид, ки махсусан варзиши футбол дар ноҳия дӯстдорони зиёд дошта, тиме, ки дар лигаи дуюми кишвар ҳунарнамоӣ мекунад, дастаи футболи бонувони ноҳия мебошад. Ҳамасола наврасону ҷавонони ноҳия дар мусобиқоти ҷумҳуриявию байналмилалӣ ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд. Баробари мавриди истифода қарор гирифтани нахустин муассисаи давлатии мактаби махсуси варзишӣ оид…
18 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли пойафзоли Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фароғатбону” оғоз бахшиданд. Корхонаи мазкур аз тарафи соҳибкори ватанӣ Парвиз Ҷӯраев дар доираи тадбирҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохта шуда, 20 намуди пойафзоли мардона истеҳсол менамояд. Тавре ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, корҳои сохтмонӣ ва насби техникаю таҷҳизоти иншооти мазкур соли ҷорӣ оғоз гардида, бо ҷалби 50 нафар мутахасси маҳаллӣ дар як муддати кӯтоҳ бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонида шудааст. Масоҳати умумии корхона 1200 метри мураббаъро ташкил дода, атрофи он бо тарҳу намои зебо оро дода шудааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз шароити корӣ ва раванди истеҳсолот дар коргоҳ, ба сифати маҳсулоти он баҳои баланд дода, ба фаъолият пардохтани корхонаи пойафзолро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иқдоми ибратбахш номиданд. Маҳсулоти корхона дар бозорҳои вилояти Суғд, шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба фурӯш гузошта мешавад. Таҷҳизоти коргоҳ аз насли нав буда, дар 16 хати истеҳсолӣ насб гардидааст. Технологияи коргоҳ каммасраф буда, 50 фоиз ба таври худкор фаъолият мекунад. Коргоҳи пойафзолбарорӣ дар як сол вобаста ба талабот аз 30 ҳазор…
18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд корхонаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Назар»-ро ба истифода доданд. Корхонаи мазкур бо ташаббуси бонуи соҳибкор Каромат Назарова бо харҷи бештар аз 11 миллион сомонӣ сохта шуда, дар он 50 нафар бо кор ва маоши муносиб таъмин шудаанд. Пешвои миллат бо ишора ба саҳми бонувон дар рушди соҳибкорӣ, таъкид карданд, ки ҳар иқдоми дар ҳар як самт анҷомдодаи занон шоёни дастгирист. Ба роҳбарияти корхона тавсия доданд, ки ҳаҷми истеҳсолотро афзун намуда, дар таъмини фаровонии бозор саҳмгузор бошанд. Раванди истеҳсолот дар ин корхона қариб ҳамаи зинаҳои парандапарвариро дар бар гирифта, тариқи наслгирии инкубаторӣ аз як тухмхобонӣ қариб 270 ҳазор чӯҷа гирифта мешавад. Минбаъд парвариши чӯҷаҳо идома дода шуда, асосан ба истеҳсоли гӯшт равона карда мешаванд. Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ҳоло дар ҷамъият беш аз 250 ҳазор сар паранда парвариш карда мешавад. Таъкид гардид, ки ҶДММ «Назар» бо тамғаи молии “Далерон” яке аз калонтарин корхонаҳои вилояти Суғд аст, ки дар таъмини бозори истеъмолӣ бо гӯшти парҳезӣ саҳми намоён дорад. Нақши корхона дар татбиқи Барномаи рушди соҳаи парандапарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам бориз аст. Барои васеъ намудани самти…
18 ноябр дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли пардаҳои полиэтилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Технологияи полимерӣ» оғоз бахшиданд. Корхонаи нави истеҳсолӣ бо ибтикори соҳибкори маҳаллӣ Саидхоҷа Зикриёхуҷаев бунёд шуда, барои муҷаҳҳазсозии он зиёда аз 20 миллион сомонӣ сарф шудааст. Корхона дар доираи татбиқи ҳадафҳои рушди саноат фаъол шуда, ҷузъе аз нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки корхонаи саноатӣ аз соли 2009 ба фаъолият оғоз карда буд ва ба хотири ба талаботи бозор маҳсулот истеҳсол намудан ва содирот кардани он ба хориҷ тасмими навсозии корхона рӯи даст гирифта шуд. Таҷдиди корхона ва хатҳои технологии он соли 2023 роҳандозӣ шуд ва дастгоҳу таҷҳизот аз Италия ворид гардид. Дар корхонаи истеҳсоли пардаҳои полиэтиленӣ 25 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин шуданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъол кардани ин корхона ва мусоидат намудан дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар иқдоми соҳибкорро шоёни таҳсин хонда, бо назардошти ивазкунандаи воридот будани маҳсулот, бобати афзоиш додани ҳаҷми истеҳсолот, таъминоти эҳтиёҷоти дохилӣ ва мавқеъ пайдо кардан дар бозори дохиливу хориҷӣ дастуру ҳидоятҳо доданд. Таъкид бояд намуд, ки бо фароҳам…
18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Саноатчиёни шаҳри Бӯстон дар назди Корхонаи фаръии зардӯзию заргарӣ ва касбомӯзии “Зари Суғд” корхонаи истеҳсоли пойафзолро ба истифода доданд. Технологияи корхона аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда шуда, имкон дорад, ки дар як моҳ то 5 ҳазор ҷуфт пойафзол истеҳсол карда шавад. Дар корхонаи нави саноатӣ дар шаҳри Бӯстон 20 нафар бо кори доимӣ таъмин шуда, ҳоло 50 намуди пойафзол истеҳсол карда мешавад. Иқтидори солонаи корхона истеҳсоли то 60 ҳазор ҷуфт пойафзоли мардонаю бачагонаро бо андозаҳои гуногун ташкил медиҳад. Оянда дар марҳилаи дуюми корхона бошад ба роҳ мондани истеҳсоли таги пойафзол ва васеъ кардани иқтидори тавлидӣ ба нақша гирифта шудааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ворид шудани технологияи муосир ва таъсиси корхонаи нави саноатиро дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ “Саноатикунонии босуръати кишвар” барои афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва рушди иқтисоди миллӣ муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуданд. Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маҳсулоти Корхонаи фаръии зардӯзию заргарӣ ва касбомӯзии “Зари Суғд” шинос шуданд. Заргарӣ, дӯзандагӣ, қолинбофии дастӣ ва истеҳсоли пойафзол самти асосии фаъолияти Корхонаи фаръии зардӯзию заргарӣ ва касбомӯзии “Зари Суғд”-ро ташкил медиҳад….
18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд Маркази ташхису табобатии “Луқмони Ҳаким”-ро мавриди истифода қарор доданд. Маркази ташхису табобатӣ бо мақсади қонеъ гардонидани талабот ва ҳифзи саломатии аҳолӣ дар шаҳри Бӯстон аз ҷониби ҶДММ “Шифои Замон” бунёд шудааст. Марказ бо дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз буда, хизматрасониҳои тиббиро дар сатҳи баланд пешниҳод менамояд. Зимни шиносоӣ бо иншооти нав иттилоъ дода шуд, ки бинои Маркази ташхису табобатии “Луқмони Ҳаким” аз 4 ошёна ва зерошёна иборат буда, масоҳати умумии он дар ягҷоягӣ бо саҳни ҳавлӣ 1 ҳазору 445 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Иншоот бо риояи талабот ва меъёрҳои сохтмонӣ бо маблағи наздики 4,5 миллион сомонӣ бунёд шудааст. Дар марказ шуъбаҳои амрози асаб, дилшиносӣ, ғадудшиносӣ ва урологӣ мављуд буда, дар он табибони баландихтисос ва дорои сертификатҳои байналмилалӣ, ҳамшираҳо ва кормандони миёнаи тиббӣ, дар маҷмӯъ 50 нафар ба кор ҷалб карда мешаванд. Маркази ташхису табобатии “Луқмони Ҳаким” дорои ҳуҷраҳои дандонпизишкӣ, ултрасадоӣ, сабти барқии майнаи сар, инчунин ҳуҷраҳои табобати зарбаи мавҷӣ, томографияи компютерӣ, даруннигорӣ, толори обутоби бадан ва дорухонаи муосир мебошад. Кормандони маркази навбунёд бо истифода аз таҷҳизоти муосири соҳавӣ ташхисҳои рентгени рақамӣ, таҳлили лабораторӣ ва лазерӣ-косметологӣ гузаронида, табобати беморонро бо муми кӯҳӣ, усулҳои барқӣ ва маҳси вакумӣ…
17 ноябр бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан марҳилаи дуюми коргоҳи истеҳсоли дучарха ва бозичаҳои гуногуни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Адл» ба истифода супорида шуд. Коргоҳи мазкур бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – «Саноатикунонии босуръати кишвар» сохта шудааст. Масоҳати умумии замини коргоҳи истеҳсолӣ зиёда аз 3 ҳазору 300 метри мураббаъ буда, бо истифода аз ашёи хоми баландсифат, дар он 5 намуд дучарха барои калонсолон ва кӯдакон истеҳсол карда мешавад. Таҷҳизоти истеҳсолии коргоҳи мазкур аз кишварҳои пешрафта дастрас ва насб гардида, ҳаҷми истеҳсолот бо сифати баланд афзун мегардад. Зимни шиносоӣ Сарвари давлат бо фаъолияти коргоҳи коркарди оҳан, кафшергарӣ, рангубор ва бандубасти дучархаҳо шинос шуданд. Дар коргоҳи мазкур мутахассисону коргарон ҳамарӯза фаъолият намуда, солона беш аз 10 ҳазор дучарха истеҳсол менамоянд. Бо назардошти ин таъмини бозори дохилӣ бо чунин маҳсулот ҳадафи аслии роҳбарияти ҷамъият ба шумор рафта, содироти он ба хориҷи кишвар низ ба роҳ монда шудааст. Ҳоло намудҳои гуногуни маҳсулоти корхона бо тамғаи «Адл» ба бозорҳои шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва Бадахшон интиқол меёбад. Ҳама гуна маҳсулоти корхона ҷавобгӯйи стандарти байналмилалӣ мебошад. Лозим ба ёдоварист, ки…
17 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшн Корхонаи истеҳсоли ҷиҳози кӯдаконаи ҶДММ “АДЛ”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Корхонаи саноативу истеҳсолии ҶДММ “АДЛ” дар доираи тадбирҳо дар самти саноатикунонии босуръати кишвар бо иқдоми соҳибкори ватандуст дар масоҳати 3066 метри мураббаъ бо маблағи 1,5 млн сомонӣ бунёд гардидааст. Корхона дар як сол то 20 ҳазор намудҳои гуногуни ҷиҳози кӯдакона, аз ҷумла 7 намуд мебел ба монанди мизу курсӣ барои муассисаҳои томактабӣ ва мактабӣ, гаҳвора, кати хоб ва ҷевонҳо барои хурдсолонро истеҳсол мекунад. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ доданд, ки дар сехи истеҳсолии “АДЛ” дастгоҳу таҷҳизоти замонавии ширкатҳои пешқадами Ҷумҳурии Мардумии Чин ба маблағи зиёда аз 750 ҳазор сомонӣ ворид ва насб гардидааст. Дар ин корхона 30 нафар сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши баланд таъмин гардидаанд. Бо васеъ шудани фаъолияти корхонаи мазкур имкон аст, ки шумораи кормандон зиёд карда шавад. Технологияи муосири насбгардида имкон медиҳад, ки маҳсулоти ватанӣ босифат истеҳсол гардида, дар баробари таъмини бозори дохилӣ ба содирот низ равона гардад. Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо намунаҳои маҳсулоти корхона шинос шуда, иқдоми соҳибкори ватаниро дар самти тақвияти иқтидори истеҳсолии кишвар намунаи ибрат арзёбӣ намуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам…
17 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли сутунпояҳои оҳану бетонии барқӣ ва таъмиру навсозии трансформаторҳои ҶДММ «Истаравшан Энерго» оғоз бахшиданд. Корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Баҳодур Зокиров дар масоҳати 50 садяк замин бунёд шуда, се коргоҳ, аз ҷумла коргоҳи кафшергарӣ, таъмири тарансформаторҳо ва рехтани сутунпояҳои оҳану бетонии барқӣ иборат аст. Дастгоҳҳо барои истеҳсоли маҳсулот дар ин корхона аз Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид ва насб карда шудаанд. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иқтидори коргоҳи сутунпояҳои оҳану бетонии барқӣ дар як сол 2200 дона буда, сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд. Сутунпояҳои оҳану бетонӣ бо андозаҳои гуногун, аз ҷумла 11, 10,5 ва 9,5 метр истеҳсол шуда, барои хатҳои барқии 0,4, 6 ва 10 киловолта истифода бурда мешаванд. Истеҳсоли сутунпояҳо дар берун ба роҳ монда шудааст ва дар мавсими сардӣ ин сутунпояҳо тавассути буғ дар дастгоҳи махсус хушк карда мешаванд. Роҳбари давлат ба корҳои сохтмонӣ ва имконияти фароҳамгардида дар ин корхона баҳои баланд дода, соҳибкори ватаниро барои боз ҳам тақвият бахшидани иқтидори он ва васеъ намудани доираи фаъолият дастуру ҳидоятҳои судманд доданд. Дар коргоҳи таъмири тарансформаторҳо 5 нафар мутахассиси маҳаллӣ ба кор ҷалб шуда,…