Ҳамдиёрони азиз! Ҳамасола 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар ҷашнҳои даврони Истиқлол дар қаламрави ҷумҳурӣ ботантана таҷлил карда мешавад. Бо эҳтиром ва самимияти хосса кулли сокинони ноҳия ва ҳар яки Шуморо бо ҷашни Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ ба ҳисоб рафта, ифодакунандаи рамзи Истиқлол ва соҳибихтиёрии кишвари азизамон мебошад аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсан аз номи худам табрику муборакбод менамоям. Парчам яке аз рукнҳои муҳими давлатдории мо, рамзи ҳаёти осоишта, муттаҳидӣ ва ҳуввияти миллӣ аст. Арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ воситаи тарбия дар руҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии халқамон ба ҳисоб меравад. Парчамдорӣ бо шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё гардид, ки барои миллати фарҳангдӯсту сарбаланди тоҷик суннати аҷдодӣ ба ҳисоб меравад. Бояд қайд намуд, ки дар таърихи ҳар миллату давлат воқеаю рӯйдодҳое ҳастанд, ки омӯзишу баррасии онҳо барои насли имрӯзу фардо чун панде хизмат намуда, дар шинохти асолати миллию худогоҳӣ сарчашмаи боэътимод ба шумор мераванд. Аз ин рӯ, дар баробари Суруди миллӣ, Нишони давлатӣ ва забони модарӣ-Парчами давлатӣ низ барои мардуми…