Ҳамасола дар саросари кишвари азизамон санаи 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад. Ба ин санаи фархунда, яъне 23-ноябри соли 2024 дар Қасри фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рудакӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Бахтиёр Исматҷонзода, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, собиқадорону фаъолон, омўзгорон, хонандагон, гирандагони стипендияи Президентӣ ва стипендияи Раиси ноҳия иштирок намуданд. Чорабинӣ бо даровардани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Нахуст, Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода баромад намуда, кулли ҳамватанонамонро бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуданд. Раиси ноҳия таъкид намуданд, ки “Эълон гардидани Истиқлолияти давлатӣ таҳрир ва қабули рамзҳои давлатӣ, ки ифодагару инъикоскунандаи Истиқлолият мебошанд, ба миён овард. Санаи 24-уми ноябри соли 1992 Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъаларо “Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мавриди баррасӣ қарор дод ва пас аз тасдиқи Низомнома Тоҷикистон соҳиби яке аз рамзҳои…