МАЪЛУМОТНОМА *МУСТАФО ВАФО ҲАМРОИЁН *аз моҳи феврали соли 2023 дар мансаби Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳияи Деваштич фаъолият мебарад. *Соли таваллуд 3 апрели соли 1993 *Ҷои таваллуд ноҳияи Деваштич *Миллат тоҷик *Таҳсилот олӣ *Соли 2015 Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи Давлатии Тиҷоратии Тоҷикистон ва соли 2018 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон хатм кардааст *Ихтисос иқтисодчӣ, ҳуқуқшинос *Унвони илмӣ надорад *Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, ўзбекӣ, англисӣ бо луғат *Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст, ё не ҳа *Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не не *Вазъи оилавӣ оиладор, соҳиби 4 фарзанд *Суроға ноҳияи Деваштич, шаҳраки Ғончӣ, кўчаи Р.Ашўров – 5 а *Кор ва фаъолияти собиқа: Солҳои 2011-2013 Мутахассиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳияи Ғончӣ Солҳои 2013-2015 Мутахассиси шўъбаи савдо ва хўроки умумӣ дар Раёсати матлуботи ноҳияи Ғончӣ Аз моҳи августи соли 2015-2017 Мутахассиси пешбари бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Деваштич Аз моҳи октябри соли 2017 то феврали соли 2023 Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Деваштич: Инчунин Раиси Филиали Ташкилоти ҷамъиятии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич Аз…
Яке аз амалҳои нангини ташкилоти террористии наҳзати исломӣ дар солҳои навадуми асри гузашта кушта шудани шумораи зиёди олимону донишмандон ва умуман зиёиён буд. Дар хусуси чунин ҷиноятҳои мудҳиши наҳзатиҳо филмҳои мустанад ва гузоришҳои телевизионӣ ҳам намоиш дода шудаанд, ки дар онҳо шоҳидони он воқеаҳои хунин суханронӣ карда, террорҳою кушторҳои наҳзатиҳоро тасдиқ намудаанд. Мақсади асосии роҳбарияти ташкилоти террористию экстремистии наҳзатӣ аз куштори равшанфикрони тоҷик, дар ҷомеа ба вуҷуд овардани фазои тарсу ноумедӣ ва даҳшат буд. Бо ин гуна амалҳои палидона онҳо мехостанд вазъияти кишварро ноором сохта, ҳадафҳои шуми худ, яъне бо роҳи зуроварӣ ғасб кардани қудрати сиёсӣ ва тағйир додани сохти давлатдориро амалӣ кунанд. Мутаассифона, дар он замон аз дасти қотилони наҳзатӣ яке аз беҳтарин фарзандони миллати тоҷик – файласуфи забардаст, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон, арбоби шоистаи илми тоҷик, устод Муҳаммад Осимӣ ҳам ба қатл расонда шудааст.
Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) Муқаддима Дар таърихи навтарини миллати тоҷик Паёми Роҳбари давлат – маҷмуи таҳлил, арзёбӣ, як навъ ҳисобот, инчунин, натиҷагирӣ аз фаъолияти ҳукумат ва дар ин асос, ироаи тасмимҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва нақшаҳои ҳаётан муҳимми мақомоти олии мамлакат мебошад. Нуқтаи архимедӣ – такягоҳии ҳуҷҷат баҳогузории кори ҳукумат дар соҳаи иқтисод аст. Вобаста ба ин, дар Паём, дар робита бо равандҳои бузурги ҷаҳонишавӣ таъкид мегардад: «Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд» (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ». –Душанбе. Дониш, 2023. – С. 23)
Муқаддима Дар таърихи навтарини миллати тоҷик Паёми Роҳбари давлат – маҷмуи таҳлил, арзёбӣ, як навъ ҳисобот, инчунин, натиҷагирӣ аз фаъолияти ҳукумат ва дар ин асос, ироаи тасмимҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва нақшаҳои ҳаётан муҳимми мақомоти олии мамлакат мебошад.
ДУШАНБЕ, 16.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Маркази матбуоти Қушунҳои Сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки бархилофи созишномаҳои қаблан ба имзорасида, ҷониби Қирғизистон соати 18:45-и санаи 16-уми сентябри соли 2019 дар ҳудуди майдони варзишии маҳаллаи Баҳори ҷамоати деҳоти Овчи- Қалъачаи ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд, сохтмони иншооти номаълумро роҳандозӣ карданд. Сокинони маҳаллаи Баҳор ба ин амали ғайриқонунии шаҳрвандони ҶҚ вокуниш нишон дода, аз онҳо даъват намуданд, ки корҳои сохтмониро қатъ намоянд. Ҷониби қирғиз бошад хилофи созишномаҳои дуҷониба, ки аломатгузориро дар минтақаҳои баҳснок мушаххас мекунад, амал намуда, ба маҳалли ҳодиса қувваҳои ҷангии иловагиро иборат аз 250-300 нафар сафарбар карданд. Сипас, онҳо ба иғвогарӣ даст зада, соати 19:00 ба самти сокинони бесилоҳи маҳаллаи Баҳор тир кушоданд, ки дар натиҷа якчанд нафар шаҳрвандони ҶТ маҷруҳ шуданд. Ин амали муғризонаи сарҳадбонони ҶҚ нишонаи кӯшишҳои ба таври сунъӣ ноором кардани вазъият дар хати сарҳади давлатӣ арзёбӣ мегардад, ки метавонад вокуниши ҷавобиро аз ҷониби сокинони наздисарҳадӣ дар ин минтақаи ҳассос барангезад. Айни замон, намояндагони мақомоти дахлдори ду кишвар дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, барои муътадил сохтани вазъият, корҳои фаҳмондадеҳиро дар байни аҳолӣ бурда истодаанд. Сарчашма: https://khovar.tj Маркази матбуоти Қушунҳои Сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон
*МУСТАФО ВАФО ҲАМРОИЁН *аз моҳи феврали соли 2023 дар мансаби Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳияи Деваштич фаъолият мебарад. *Соли таваллуд 3 апрели соли 1993 *Ҷои таваллуд ноҳияи Деваштич *Миллат тоҷик *Тањсилот олӣ *Соли 2015 Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи Давлатии Тиҷоратии Тоҷикистон ва соли 2018 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро хатм кардааст *Ихтисос иќтисодчӣ, ҳуқуқшинос *Унвони илмӣ надорад *Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, ўзбекӣ, англисӣ бо луғат *Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст, ё не не *Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не не *Вазъи оилавӣ оиладор, соҳиби 4 фарзанд *Суроға ноҳияи Деваштич, шаҳраки Ғончӣ, кўчаи Р.Ашўров – 5 а *Кор ва фаъолияти собиќа: Солҳои 2011-2013 Мутахассиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳияи Ғончӣ Солҳои 2013-2015 Мутахассиси шўъбаи савдо ва хўроки умумӣ дар Раёсати матлуботи ноҳияи Ғончӣ Аз моҳи августи соли 2015-2017 Мутахассиси пешбари бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Деваштич Аз моҳи октябри соли 2017 то феврали соли 2023 Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Деваштич: Инчунин Раиси Филиали Ташкилоти ҷамъиятии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич Аз феврали соли 2023…