ДЕВАШТИЧ: ДАР ДЕҲАИ ОБИБОРИК БИНОИ БУНГОҲИ САЛОМАТӢ АЗ НАВ БАРҚАРОР ГАРДИД.

Санаи 25-уми сентябр дар деҳаи Обиборики Ҷамоати деҳоти Далёни Боло   маросими супоридани бинои аз нав барқароркардашуда   баргузор гардид. Он ба муносибати  истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷиистон бахшида шуда, бо иштироки  Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода  ба истифода дода шуд. Бунгоҳи саломатии деҳаи Обиборик аз ҳисоби шахсони саховатпешаю соҳибкорони маҳаллӣ  ва муҳоҷирони меҳнатӣ ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ мутобиқ ба талаботҳои замони муосир таъмиру таҷдид гардида, фаъолияти он  мушкилии сокинони деҳаро осон намуд. Бояд зикр намуд, ки барои бунёди бинои мазкур саҳми соҳибкорон, муҳочирони меҳнатӣ ва  бародарон  Маҳмудовҳо, Ҷумъаев Ҳалим, Яҳёев Яҳё, Охунов  Облоқул, Шокиров  Наимҷон хеле  назаррас буда,  дар идома  барои заҳмату меҳнатҳои шахсони номбурда аз ҷониби Раиси ноҳия сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич тақдим гардид. Дар ноҳияи Деваштич  даҳҳо  биноҳои  таъиноти  иҷтимоидошта бунёд  гардид, ки  он заминаи асосӣ барои пешрафти ноҳия мансуб буда, чунин ободкориҳо на танҳо барои рушди деҳаю ноҳия балки барои пешрафти кишвар такони ҷиддӣ мебахшад.

Тандурустӣ

Катҳои табобатӣ ——————————————— 650 адад; Беморхонаи марказии ноҳия ба номи профессор И. Юулдошев  ———————————————————————325 кат; Беморхонаи ноҳиявии № 1 Калининобод ————— 135 кат; Беморхонаи ноҳиявии № 2 Ҳазорчашма  ————- 55  кат; Беморхонаи ноҳиявии № 3 Муҷун ————————- 25  кат; Беморхонаи ноҳиявии № 4 Басманда ———————-25  кат; Беморхонаи ноҳиявии № 5 Далёни Поён —————– 30  кат; Беморхонаи ноҳиявии № 6 Далёни Боло —————–35  кат; Беморхонаи ноҳиявии № 7 Истиқлол ——————— 20  кат; Маркази саломатии ноҳиявӣ ——————————–2 адад; Маркази саломатии деҳавӣ ———————————16 адад; Бунгоҳи саломатӣ ———————————– ———-22 адад; Маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологӣ — 1   адад; Шуъбаи безараргардонӣ ————————————– 1  адад; Дорухонаи №-70 ———————————————— 1  адад; 3  адад филиалҳои дорухонаи № 70 дар деҳаҳои Ҳазорчашма, Хӯҷаҳо ва Басманда фаъолият мебаранд. Шумораи коргарону хизматчиёни соҳа ————– 1110 нафар; Музди миёнаи соҳа ———————————— 846 сомонӣ;

Нишондиҳандаҳои соҳаи тандурустӣ
Тандурустӣ / 30.08.2018

Дар ноҳия бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ 2 маркази саломатии ноҳиявӣ, 16 адад марказҳои саломатии деҳот ва 22 бунгоҳҳои саломатӣ фаъолият мебаранд. Дар Маркази саломатии ноҳиявӣ баҳри амалигардонии барномаҳои миллии соҳаи тандурустӣ шахсони масъул вобаста карда шуда, нақшаи чорабиниҳои мушаххас оид ба корҳои фаҳмондадиҳӣ тартиб дода шудаанд ва тибқи он корбарӣ ба роҳ монда шудааст. Меъёрҳои маблағгузории муассисаҳои кӯмаки аввалия ва махсусгардонидашуда бо назардошти маблағҷудокунӣ барои 1 нафар   сокини минтақаи  хизматрасонидашаванда  ҳисоб карда шудааст ва қарори раиси ноҳия аз 02.03.2018, №168 «Дар бораи ҷорӣ намудани маблағгузории сарикасӣ дар муассисаҳои КАТС» ба тавсиб расида, фаъолият тибқи ба роҳ монда шудааст. Нишондиҳандаҳои соҳаи тандурустӣ нохияи Деваштич № Номгуи нишондиҳандаҳо Воҳиди ченак Ба ҳолати 01.01.2018 Дар давраи Ҳисоботӣ 01.07.2018 Бо % нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 Шумораи шифохонаҳо адад 8 8 100 2 Шумораи катҳо адад 650 650 100 3 Шумораи табибони ҳамаи ихтисосҳо нафар 155 154 99,3 4 Аз он ҷумла бо категорияҳо, ҳамагӣ нафар 99 98 98,9 5 Олӣ нафар 54 53 98,1 6 Якум нафар 41 41 100 7 Дуюм нафар 4 4 100 8 Шумораи кормандони миёнаи тиббӣ нафар 750 807 107,6 9 Шумораи марказҳои саломатӣ адад 18 18 100…