Моҳи сентябри соли равон Раиси ноҳияи Деваштич муҳтарам Ашуралӣ Ҷалилзода дар деҳаи Қалъаи Дӯсти Ҷамоати деҳоти Ваҳдат аз ҷамъоварии ҳосили картошка дидан намуданд. Кишоварзони деҳаи мазкур баҳри таъмини амнияти озуқавории кишвар ва фаровонии бозорҳои маҳаллӣ бо картошка ҳаматарафа кӯшиш намуда, бо истифода аз тухмиҳои босифат дар қитъаи замин кишти барвақтии картошкаро ба роҳ монда, ҳосили хуб ба даст оварданд.
Зимни суҳбат Раиси ноҳия бо ёдоварӣ аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои истифодаи самараноки замин тавсияҳои судманд дод. Таъкид гардид, ки картошкаи дар ин деҳа истеҳсолшаванда дар мамлакат серхаридор буда, саҳми деҳқонони минтақа дар таъмини бозори дохилӣ бо картошка назаррас аст.
Бояд таъкид кард, ки ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун соҳаи даромаднок дар ноҳияи Деваштич диқати махсус дода мешавад. Деваштич ноҳияи аграрӣ буда, иқлими он барои парвариши тамоми намуди зироатҳо мувофиқ аст.
Деҳқонони заркори ноҳия дар самти зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз ҳисоби ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои лалмӣ ва боир ҷидду ҷаҳд намуда истодаанд.
Шарҳ нест